ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – КАФИЛИ АМАЛИ ГАРДИДАНИ ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ

561

Таҷрибаи таърихи умумиҷаҳонӣ собит месозад, ки бузургтарин муқаддасот барои ҳар як қавму миллат озодӣ, соҳибихтиёрӣ, мустақилият ва дар умум истиқлоли сиёсӣ маҳсуб меёбад. Дар тули таърих аксари ситезаву таззодҳо ва ҷангу хархашаҳо боиси халалдор гардидани соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли қавму халқҳои алоҳида ба амал омадааст. Дар воқеъ истиқлол ба ҳар як қавму миллат озодӣ ва имконият дар роҳи амамлишавии тамоми мақсадҳо ба шумор меравад. Истиқлол калид ва кафили ҳама хушбахтиҳо барои миллат мебошад. Ҳамин аст, ки ҳар як қавм мехоҳад, то дорои чунин падидаи нодир бошад. Вале на ба ҳар як халқ муяссар мегардад, ки ба чунин падидаи нодиру бисёр муҳим даст ёбад.

Бояд таъкид намуд, ки халқи тоҷик ва ниёгони он, ки яке аз куҳантарин халқият дар минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад, ҳамеша барои ҳифзи истиқлол ва озодии хеш талош намудааст. Мубориза бо юнону мақдуниҳо, арабҳо, турку муғул ва дигар аҷнабиён боиси нигаҳдошти озодӣ ва мустақлият буд. Агарчи имрӯз Истиқлоли давлатии миллати мо 31 сол дорад, вале таърихи давлатдориамон ба ҳазорсолаҳо рафта мерасад. Тоҷикон ҳанӯз аз ибтидо соҳибватану давлатсоз буда, нахустин намунаи ҷомеаҳои мутамаддину мутамарказ ва давлатҳои муқтадирро ташкил намудаанд. Дар натиҷаи сиёсати забткорона ва ҳуҷумҳои пайдарпайи аҷнабиён ниёгони тоҷикон муддате аз идораи мустақилонаи давлатдории хеш маҳрум монданд. Ин давра, ки яке аз марҳилаҳои дарозмдуддати тираи тоҷикон буд, фарҳанги миллӣ то ҷое таназзул ёфт. Вале тамоми он сулолаҳои аҷнабие, ки ба ин сарзамин омада низоми идориро ба даст доштанд, дар заминаи таҷрибаи давлатдории тоҷикон фаъолият менамуданду ашхоси соҳибтаҷрибаи тоҷиктаборро ба мансабҳои калидӣ таъин менамуданд. Аммо вазъи халқи тоҷик дар ин марҳила аз тамоми ҷиҳат бинобар набудани озодӣ, мустақилият ва дар умум истиқлоли давлатӣ хеле мураккаб буд.

Ниҳоят, бахти халқи тоҷик дар саҳифаи таърих омад карду 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлоли сиёсии давлатӣ соҳиб гардиданд. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки “Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид.”

Дар воқеъ, муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад, ки дар заминаи он ҳадафҳои стратегии миллӣ дар роҳи амалишавӣ қарор дорад. Мутаассифона дар ибтидо истиқлоли давлатии Тоҷикистон боиси таъсири омилҳои дохилию беруна зери хавфу хатари ҷиддӣ қарор гирифт. Давлати нав масири истиқлолро пешгирифта ба моҷарои сиёсие рӯ ба рӯ гардид, ки он ҳар лаҳза ба ҳастиаш таҳдид мекард. Оқибатҳои даҳшатнок ва таъсири хеле манфии ҷанге, ки аз тарафи доираҳои мушаххас ва душманони миллат бо мақсади ба сари мардум бор кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва ташкили давлати исломӣ сар шуда, сабаби ҳалокати зиёда аз 150 ҳазор аҳолӣ ва хисороти зиёди иқтисодӣ гардид, имрӯз мардуми кишвар фаромуш накардааст. Душманони миллат тавонистанд, ки дар як марҳилаи ҳассос ва сарнавиштсоз ба сари мардум бадбахтиҳои зиёд оварда, дар дохили як давлат ва миллат ҷанги шаҳрвандиро созмон диҳанд. Истиқлоли давлатӣ ба имтиҳони хеле душвору мураккаб рӯ ба рӯ гардид. Хушбахтона, таҷрибаи таърихии миллат имкон дод, ки ин марҳилаи мураккаб ба душворӣ ҳам бошад, сипарӣ гардад. Баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон заминаи эҳёи суботи сиёсӣ ва сулҳу ягонагиро гузошт. Дар ин замина санади муҳиму тақдирсоз “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид. Новобаста аз моҷарои сиёсӣ ба хотири нигаҳдошти тамомияти арзӣ ва Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи амали гардидани ислоҳотҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар роҳандозӣ гардид. Бояд қайд кард, ки дар ибтидои солҳои Истиқоли давлатӣ яке аз масъалаҳои бисёр ҳассос ва нозук ҳифзи тамомияти арзӣ ба шумор мерафт. Аз моҷарои сиёсӣ ва ҷанги ҳамватанӣ истифода карда, доираҳои мухталифи дохилию хориҷӣ нақшаи тақсими Тоҷикистони ягона ва аз он ҷудо намудани вилояту ноҳияҳои алоҳидаро дар сар доштанд. Хушбахтона, ин хатар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар бартараф гардид.

Муҳимтарин тадбире, ки дар роҳи устувории Истиқлоли давлатӣ ва пояндагии он андешида ва амалӣ карда шуд, ислоҳотҳои сиёсӣ дар кишвар буд. Бо мақсади ташкили аркони муҳимми давлатдорӣ дар кишвар ислоҳотҳои сиёсӣ оғоз гардид. Ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ дар аввал Нишон ва Парчами давлатӣ қабул гардид. Муҳимтарин санади сарнавиштсози миллату давлат Конститутсия қабул гардид, ки дурнамои давладориро ба таври мушаххас муайян намуд. Дар такя ба ин ҳуҷҷати муқаддас фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ барқарор гардида, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти касбии дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун дар кишвар таъмин гардид. Бояд қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон бори дигар имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро инкишоф дода, модели замонавиро бо истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгони хеш интихоб намояд. Бо шарофати Истиқлол заминаҳои устувори низоми давлатдорӣ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона гузошта шуд. Низоми мазкур имкон дод, ки аз як ҷониб баробарӣ ва фаъолияти баробару яксони мафкураҳои мухталиф дар назди қонун кафолат дода шавад, аз ҷониби дигар бошад нагузошт, ки мафкураи муайян ба ҳайси идеологияи давлатӣ эълон шаваду афкори иҷтимоии мардумро зери фишор қарор диҳад. Таҳлили раванди амалӣ гардидани ислоҳотҳои сиёсӣ дар ибтидо собит месозад, ки қувваҳои мухолиф бисёр талош менамуданд, ки низоми интихобнамудаи давлатдориро дар Тоҷикистон ба таври манфӣ инъикос намоянд. Ба ҳамин хотир сохти дунявияти давлатдориро ҳамчун воситаи динситез маънидод намуда, мардуми мусалмони кишварро ба муқобили давлат бархезонидани шуданд, вале хушбахтона ин ҳадафи шуми онҳо амалӣ нашуд. Онҳо фаромӯш карданд, ки ин низомро мардуми Тоҷикистон тавассути райъпурсӣ интихоб намудаанду моҳият ва арзишҳои он дар Конститутсия сабт шудааст. Бояд тазаккур дод, ки таърихи 31-солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо аст. Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ислоҳотҳои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи муҳим ва асосӣ эълон намуда, тавонист, ки бо шарофати кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавиирода рушди пайваставу устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намояд. Марҳилаи аввали амалӣ намудани ислоҳотҳои иқтисодӣ, ки дар худ ҳадафҳои стратегии миллиро инъикос мекард, асосан ба ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми иқтисодӣ, ташаккул ва таҳкими давлатдорӣ ва аз байн бурдани қолаби тафаккури фарсудашуда равона шуд буд, ки ба талаботи ҷомеаи мутамаддин дар шароити муосир ҷавобгу набуд. Истиқлоли давлатӣ дар муддати кутоҳ ҳамчунин заминаи ташаккули низоми иқтисодии кишварро гузошт. Имкон фароҳам омад, ки бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ мамлакатро фаро гирифта буд, бо қабули барномаҳои мушаххас ва самаранок марҳила ба марҳила бартараф карда шавад. Мардуми кишвар аз ҳолати буҳрони амиқ баромада, ба марҳилаи рушди ҳамаи соҳаҳо қадами устувор гузошт.

Махсусан, муқовимат ва истодагарии низоми иқтисодии кишвар дар рӯ ба рӯи фишори буҳрони иқтисодии умумиҷаҳонӣ, ки то ҳол идома дорад, бори дигар аз устувории вазъи иқтисодии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин росто мебояд як нуқтаро қайд кард, ки мо имрӯз ҳаққи бо кишварҳое, ки собиқаи 100-150 солаи истиқлоли давлатӣ доранду вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хубро соҳибанд, муқоиса кардани Тоҷикистонро надорем. Имрӯз танҳо мо ҳаққи аз таҷрибаи онҳо истифода кардан ва меҳнати софдилонаву содиқонаро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дорем то наслҳои оянда аз мо як ҷомеаи рушдкардаву устуворро мерос гиранд. Имрӯз мо дар марҳилаи давлатсозӣ қарор дорем, чунки азнавсозӣ дар аксар соҳаҳои муҳимми ҷомеа аз сифр оғоз шудааст.

Вазифаи мо имрӯз дар назди миллату давлат ва Ватан пеш аз ҳама созандагиву бунёдкорӣ дар заминаи шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатист, на аз дур истодан ва бегонавор тамошо кардану дарёфти мақсадноки камбудиҳо ва инъикоси ғаразноки онҳо дар сомонаҳои иҷтимоиву дигар васоити ахбори омма. Зарур аст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳар як аъзои ҷомеа новобаста аз касбу кор талош варзаду рисолати хешро содиқона ба сомон расонад. Чунки ба даст овардани истиқлол як қисми кор асту боқимонда чи тавр нигаҳдошту истифодаи он аз ҷомеа вобастагии зиёд дорад, ки то чи андоза аз ин падидаи нодир истифода менамояд. Истиқлоли давлатӣ бори дигар ба тоҷикон имконият фароҳам сохт, ки хешро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянду ҷойгоҳ ва мақоми мустақилу сазовори Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин созанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар аввалин Муроҷиатномаи хеш дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, барқарор намудани муносиботи дипломатӣ бо тамоми давлатҳое, ки мехоҳанд бо кишвари мо дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои судманди дуҷониба ҳамкорӣ намоянд, таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягиро бо кишварҳои минтақа пеш гиранду ба корҳои дохилии якдигар дахолат накунанд, таъкид намуда буданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин усулҳои бунёдии сиёсати хориҷии Тоҷикистон минбаъд такмил ёфта, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидаанд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлат ба таври огоҳона сиёсати “дарҳои кушод” интихоб карда шуд, ки минбаъд ҳамчун мактаби сиёсии воқеъбинона ва сулҳхоҳ амал карда, натиҷаҳои дилхох дод ва мақоми Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муайян кард.

Дар айни замон бо интихоби сиёсати воқеъбинона, дурандешона ва пешбурди низоми пешрафтаи давлатдорӣ Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мутамаддини демократӣ ва дар раванди ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ба ҳайси шарики боэътимод шинохта шудааст. Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳамон таъкид намудааст, ки “Сиёсати хориҷии “дарҳои кушода”-и мо бар пояи фарҳанги куҳанбунёди миллии тоҷикон, аз қабили поктинатӣ, дӯстӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва меҳмоннавозӣ бунёд ёфтааст”. Вақте тамоми талошу заҳматҳо ва дастовардҳои 31-соли Истиқлолро ба таври объективӣ натиҷагирӣ менамоем ба боварии комил метовон гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих шарафмандона иҷро намудааст. Ана ҳамин талошу заҳматҳо ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки аввал хатарҳои давлати нав ба истиқлолрасида бартараф гардиду пояҳои устувори рушди бомароми Тоҷикистон гузошта шуд. Дастоварди меҳварии 31-соли охири таърихи навини тоҷикон эҳё, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдории миллии мустақил ба шумор меравад, ки идома додани ин рисолати бузург қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баномуси кишвар мебошад.

Ҷаъфаров Сайҳомид Хайриддинович, н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ