Имрӯз (29.08.2022) дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҷаласаи нахустини ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар КИИ “Дониш” – и ДМТ ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷаласа бо мақсади эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар КИИ “Дониш” Раҷабзода Хайём Раҷаб аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” – ро ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бунёд гардида, ташаккул ёфт, рушд намуд ва бо пешниҳодҳои ҳалталаби глобалӣ дорои мавқеи намоён дар арсаи байналмилалӣ гардид. Чунин раванд бевосита бо дарназардошти устувории сиёсати ҳуқуқӣ, таъмину татбиқи самараноки он, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, ба вуҷуд омадааст. Инчунин аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Умед Муродзода, Юсупов Оятулло, Амонзода Неъматулло, Қосимӣ Муҳаммад, Нурализода Авазхон, Муҳиддинов Тимур, Исмоилов Раҷабалӣ, Фаридуни Сафаралӣ ва Ибрагимов Муҳаммад баромад намуда, вобаста ба дастовардҳои гуногуни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Домой Ахбор