ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили Рӯзи дониш, Рӯзи китоб ва Дарси сулҳ оғоз мешавад. Дониш, илму маърифат пайванди ногусастание ба пиндор, рӯзгори миллати мо ва сулҳу суботи кишвар доранд. Ҳамин пайванд аст, ки сухани нахустин дар оғози таҳсил аз Сулҳ аст. Сулҳе, ки мардуми мо онро қадр мекунанд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунанд. Ин дарс дарси оддӣ нест, балки аз таърих сабақ гирифтан ва сабақ додан аст, як навъ эҳтирому арҷгузорӣ ба хизмати онҳоест, ки таҳти сарварии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо, кишвари моро ба сулҳу ваҳдат расондаанд.
Соли нави таҳсил барои мо соли таърихист. Зеро баъд аз чанд рӯз мо 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Истиқлолият барои мо бузургтарин ҷашн мебошад, зеро дар масири Истиқлол дастовардҳои назаррас дар тамоми самтҳо насиби мо гашт. Мо мебинем, ки дар солҳои Истиқлолият таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф бештар гашта, дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарин хондаанд.
Ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат пешраву пешсафанд. Нақши Донишгоҳи миллӣ дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Бахусус, нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бештар гашт. Ёдоварии як факт кофист, ки дар бораи пайванди Истиқлол ва Донишгоҳи миллӣ ба ин хулоса бирасем; Маҳз дар замони Истиқлол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 60 ихтисоси нав кушода шудааст, ки ҳамагӣ ин ихтисосҳо барои ҷомеаи наву соҳибистиқлоли мо заруранд.
Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!
Дар оғози соли нави таҳсил барои ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори осоишта ва талошҳои созанда барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро таманно дорам.
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Рӯзи дониш муборак!