ИШТИРОКИ БОНУВОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ

365

Имрӯз ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият – рамзи саодати миллӣ ва нишонаи пойдории давлат» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла бонувони Донишгоҳи миллӣ, иштирок доштанд.Зимни баргузории ҳамоиш иштирокчиён (Қурбонзода Ҳ., Хидирзода М., Усмонова З. ва ғ.) дар робита ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати занону модарон ёдовар шуда, нақши бонувонро дар рушди давлатдории навин ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд.