САНҶИШИ САТҲИ ЗАБОНДОНИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН

476

Имрӯз (03.09.2022) дар ҷаласаи назоратии назди ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. масъалаҳои муҳимми илму таълим, аз ҷумла сайқал додани сатҳи забономӯзии кормандону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ироа шуд, масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан гуфта шуд, ки барои сайқал додани сатҳи забономӯзии кормандону донишҷӯён ва муайян намудани сатҳи забондонии омӯзгорон аз ҳисоби устодони соҳибтаҷриба гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, санҷиш дар мавриди дараҷаи азхудкунии забонҳои хориҷӣ гузаронида шавад. Зикр шуд, ки дар самти беҳтар гардонидани савияи забондонии донишҷӯён давра ба давра тадбирҳои муҳим андешида шуда, кафедраҳои марбутаи донишгоҳ дар ин самт бояд пешсафӣ нишон диҳанд. Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои таъмин намудани кафедраҳои забонҳои хориҷӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ, баргузории курсҳои такмили ихтисос аз ҳисоби мутахассисони забондон, нашри китобҳои дарсӣ бо забонҳои хориҷӣ… мавриди баррасӣ қарор гирифт.