ИХТИРОЪИ НАВБАТИИ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ

452

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли эҷод беҳтарин шароитро фароҳам сохт ва имрӯз аҳли илм метавонанд дар дохилу хориҷи кишвар ба пажӯҳиши илмӣ машғул шаванду дастовардҳои хешро манзури олимони сатҳи ҷаҳонӣ гардонанд. Яке аз чунин имкониятҳо баргузории озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалист, ки бонувони тоҷик дар баробари мардон дар арсаи байналмилалӣ бо ихтирооти хеш номбардори миллату ватан гаштаанд.

Солҳост, ки дар давлати Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Форуми байналмилалии занони ихтироъкорро доир менамояд. Имсол 15-умин Форуми мазкур аз 24-ум то 27 август дар шаҳри мазкур байни 30 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ бо иштироки 500 нафар ихтироъкор баргузор гардид.

Дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ устодони факултети химияи донишгоҳ, номзадони илмҳои химия, дотсентон Ёрмамадова Саврибегим Гулмамадовна ва Қурбонова Муқаддас Зубайдовна дар кори Форум иштирок намуданд. Устодони донишгоҳ дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ва «Истифодаи хуллаҳои алюмений бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» ихтироот намуда, дар нишастҳои омӯзишӣ миёни мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намуданд. Пас аз таҳлили мутахассисон бонувони ихтироъкор бо Шоҳҷоиза ва медали тилло қадрдонӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки ихтирооти бонувони тоҷик дар ҷодаи илми химия маводи тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи илми ҷаҳонӣ мебошад. Ёдрас мешавем, ки имрӯз (06.09.2022) дар чорабинии фарҳангӣ-маърифатии донишгоҳ бонувони ихтироъкорро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт самимона табрик намуданд.

Дастоварди илмӣ муборак, муаллимаҳои азиз!