Имрӯз (06.09.2022) бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода нишасти фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Нишаст бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз ёфт. Ибтидо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба истиқболи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз дастовардҳои илмию таълимии солҳои истиқлоли кишвар сухан намуд.
«31 сол дар пеши таърих муддати тулоние нест, вале ин марҳиларо барои миллати тоҷик метавон таърихсозу тақдирсоз унвон кард. Тоҷик ба сахттарин имтиҳони таърих-ҷанги шаҳвандӣ рӯбарӯ гашт, давлату миллатро хатари аз байн рафтан ҳар лаҳза таҳдид мекард. Аммо алорағми ҳама нотавонбинону муғризон тоҷик дубора гирди ҳам омаду ба ободкориву созандагӣ камари ҳиммат баст ва Истиқлолияти худро истеҳком бахшид»- гуфта Хушвахтзода Қ.Х..
Сипас Сатториён Матлубахон Амонзода оид ба таърихи истиқлолият, марҳилаҳои рушди истиқлолият ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя аз нигоҳи илмӣ ва мавқеи сиёсии кишвар андешаҳои ҷолиб иброз дошта, саҳми устодону кормандони донишгоҳро дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияти миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии ҷомеа назаррас арзёбӣ намуд.
Зимнан гуфта шуд, ки роҳбарияти олии кишвар, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳи вижа дошта, саҳми профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифатро дар рушди илму маорифи кишвар назаррас арзёбӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ дар баробари намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат устодону кормандони ин маҳзани илму адаб – Донишгоҳи миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
Қобили қайд аст, ки вобаста ба ин ҷашни бузургӣ миллӣ наздик ба 20 нафар устодону кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ки Хушвахтзода Қ.Х. – ректори ДМТ, ордени Шараф дараҷаи 2; Т. Урватулло –профессори факултети филологияи ДМТ, унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон; Қаҳҳор Р. – профессори факултети таърих, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон; Ашмарина Л. В. – муаллимаи факултети филологияи рус, медали Хизмати шоиста; Қурбонализода Н. – декани факултети ҳуқуқшиносӣ, Икромзода Х. – мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи рус, Сайдализода С.–дотсенти факултети тиббӣ, Аловиддинзода Р. – корманди Институти илмии тадқиқотии ДМТ, Тахминаи Т. – муаллимаи факултети фалсафа, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022; ва Раҷабзода С. – директори Институти илмию тадқиқотии ДМТ, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 муофотҳои зикршударо аз дасти Пешвои муаззами миллат гирифтаанд.
Илова бар ин, дар идомаи чорабинии имрӯза аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода устодони зерини донишгоҳ бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ шуданд.
Байзоев Азим – дотсенти кафедраи филологияи эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, Иброҳимзода Илҳомиддин- декани факултети молиявию иқтисодӣ, Исайнов Ҳисайн – декани факултети иқтисод ва идора, Қудратова Латофатхон – дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химия, Маҳмадизода Файзиддин – мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти раёсати таълим, Мирзозода Парвон – мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷроати факултети ҳуқуқшиносӣ ва Ҷӯраев Хайрулло – профессори кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физика.
Ҳамзамон, дар идомаи чорабинӣ дастоварди байналмилалии бонувони донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуд. Таъкид гардид, ки устодони факултети химияи донишгоҳ Ёрмамадова Саврибегим Гулмамадовна ва Қурбонова Муқаддас Зубайдовна санаи 24-27-уми августи соли ҷорӣ дар 15-умин Форуми байналмилалии занони ихтироъкор, ки ҳамасола дар пойтахти давлати Кореяи ҷанубӣ – шаҳри Сеул баргузор мегардад, иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоиза ва медали тилло гардиданд.
Дастоварди мазкур дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин туҳфа ба кулли устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ арзёбӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки чорабини имрӯза дар сатҳи баланд ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ баргузор гардид.