Имрӯз (22.09.2022) дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ бо ташаббуси кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ мизи гирди илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Рушди илми криминалистика дар даврони истиқлолият” бахшида ба фаъолияти илмии профессор Ямоқова Зумрад баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар робита ба рушди илми криминалистика дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми муаллима Ямоқова Зумрад дар рушди илми мазкур суханронӣ намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки муаллима Ямоқова З. аз ҷумлаи омӯзгоронест, ки солиёни зиёд дар ҷодаи илму таълим, маорифу фарҳанг ва камолоти маънавии ҷомеа саҳми назаррас гузоштааст. Ин аст, ки муаллимаи азиз З. Ямоқоваро аҳли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳазорон шогирдон, ки таҳсилгирифтаи факултети ҳуқуқуқшиносӣ ҳастанд, чун шахси ҳалиму меҳрубон мешиносанд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни баромади хеш иброз доштанд, ки ин бонуи хирадманд бо заҳмати пайваста, садоқати бепоён ба халқу ватан, зиндагии ибратбахшу шоиста тимсоли барҷастаи модари зиёии тоҷик шинохта шудааст. Умри беш аз 60 солаи худро дар рушди такомули илм ва таълиму тарбияи ҷавонони соҳаи ҳуқуқ бахшидаанд.
Инчунин, декани факултети ҳуқуқшиносӣ Қурбонализода Нурулло қайд намуданд, ки муаллима Ямоқова Зумрад аз зумраи нафарони барӯманд ва бошарофате маҳсуб мешаванд, ки рӯзгору пайкорашон барои ҳазорон нафар шогирдон ва пайравони роҳи илм сабақ омӯзондаанд ва имрӯз шогирдони устод ҳамчунин мутахассиси соҳибтаҷриба кору фаъолият доранд.
Яке аз шогирдони муаллима Ямоқова Зумрад – Хоҷаева Н. андешаашро чунин баён намуданд: – Аз он рӯзҳои аввали донишҷӯиям то ҳол чеҳраи кушод, лаҳни шево ва ҷазоби муаллимаи азизу меҳрубонам Ямоқова Зумрад шавқу ҳаваси маро ба соҳаи ҳуқуқшиносӣ мунтазам афзудааст ва то ҳанӯз он шавқу ҳавас ба таври рӯзафзун боқӣ мондааст.
Аз рӯзҳои аввали донишҷӯиям, дар факултети ҳуқуқшиносӣ муаллимаи азиз барои ман бо фитрати модарона дасти моро гирифта, завқи моро ба омӯзиши ҳуқуқ ва нозукиҳои он меафзуд.