Имрӯз (24.09.2022) бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Қурбоналӣ Абдулло, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, омӯзгорону донишҷӯёни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок доштанд.
Дар ин Фестивал дастовардҳои варзишӣ ва маҳорати варзишии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи зиёда аз 10 намуди бозии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷониби ҳайати ҳакамон маҳорати варзишии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баҳогузорӣ гардид.
Дар омода намудани гурӯҳҳои варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, кормандони Шуъбаи тарбияи Донишгоҳ, кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳ, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо назаррас мебошад.
Боварии комил дорем, ки дар ҷамъбасти ин Фестивал ҳунари варзишии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал мегардад.