Имрӯз (27.09.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки Прокуроуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025” дар шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон ва муовини аввали ректори ДМТ Собирзода Нуралӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои физика ва ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Вохӯриро муовини аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Собирзода Нуралӣ оғоз намуда, кайд карданд, ки “Барои мо арзишмандтарин дастоварди замони истиқлолият сулҳу ваҳдат ба ҳисоб меравад. Ба қадри ин неъмати бебаҳо расидан ва ҳимояи он аз ҳар гуна хатарҳо вазифаи шаҳварндӣ ва қарзи инсонии мо ба ҳисоб меравад.”
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофизода Мирзоамон оид ба тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар вобаста ба масъалаи терроризму экстремиз ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ сухан намуда, иброз доштанд, ки “Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунад. Метавон инро дар мисоли ташкилоти террористи экстремистии ҳизби наҳзати ислом мушоҳида намуд, ки барои нооромии фазои кишвар даст ба амалҳои номатлуб зада буданд. Ва ҷавононро мебояд бо худшиносии миллӣ ва донишу заковати худ кишвар ва фарҳанги хешро ҳимоя намоянд.