ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁН

473

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуданд. Дар заминаи иҷрои талаботи ин иқдом ва ҷиҳати муаррифӣ намудани ихтироъкориву ихтироъкорони воқеии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 31 соли Истиқлоли давлатии кишвар бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мусоидати Вазорати маориф ва илми ҶТ дар таърихи 30 сентябри соли 2022 озмуни “Ихтироъкор” баргузор карда шуд. Дар озмун аз аксар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ихтироъкорон ширкат варзиданд. Ихтирооти беҳтарин, ки дорои патент ва шаҳодатномаи махсус буданд, аз тарафи комиссия баҳогузорӣ шуда, ғолибон бо диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.