20.10.2022. Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои муосири математика ва татбиқи он” бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. Ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, афзуд, ки бо эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ аз пештара бештар гардидааст. Гуфта шуд, ки пешрафти ҳар давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури ҷавонони он вобаста аст.
Дар идомаи нишаст декани факултети механикаю математика И. Қосимов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади дуруст ва хубтар омӯхтани паҳлуҳои муосири илми математика конфренсияи мазкур ба роҳ монда шудааст.
Дар идомаи конфренсия меҳмонону мутахассисон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илмҳои дақиқ маърӯза намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конфренсия аз чор бахш иборат буда, давоми ду рӯз идома ёфта, наздик ба 50 маърӯза барои таҳлил ба нақша гирифта шудааст.