Санаи 22-юми октябр дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Занони хушбахт” ярмаркаи васеи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарзӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи саноат, сохтмон, нақлиёт, тандурустӣ ва суғурта баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, ҳамаи иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги таълимию илмӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро аз рӯйи 120 ихтисос омода менамояд. Чорабинии мазкур таҳти унвони «Фестивали касбу кор» дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Одамони хушбахт» ташкил шуда, мақсади он фароҳам овардани шароит ҷиҳати ба кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва таъмини корфармоён бо мутахассисон мебошад. Баргузор намудани чунин фестивал имконият медиҳад, ки дар шароити озод ва дастрас ҳам корфармо ва ҳам корманд дар бораи шароити кор, ҳимои иҷтимоӣ, ҷойҳои кории холӣ, талабот ба номзадҳо иттилооти саҳеҳ дастрас намоянд.
Сипас муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз суханронӣ намуда, зикр намуд, ки давоми нумоҳи соли ҷорӣ тавасути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 806 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва гузаронида ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин гардидан роҳхат дода шуд ки аз ин миқдор 8456 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуд, ки дар он зиёда аз 8240 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, ба 11273 шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки дар “Фестивали касбу кор” ба иштирокдорон оид ба ҷойҳои кории холӣ, талабот ба номзадӣ, шарту шароити кор, тартиби қабул ба кор, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ғайра маълумотҳои зарурӣ пешниҳод гардиданд. Аксари корҷӯёну ҳавасмандон донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва дигар ҷавонони шаҳр мебошанд.
Дар фестивал 57 корхонаву идораҳоро, ки ба кадрҳо ниёз доранд, иштирок намуданд. Волонтёрҳо дар доираи флешмоби ташкилнамуда ба ҷавонон шароиту имконот ва дигар ҷузъиёти вобаста ба интихоби ҷои корро мефаҳмонанд.
Фестивали мазкур бо бозии лотереяи калон ҷамъбаст гардида, дар он ҳамаи иштирокчиён тавонистанд туҳфаҳои арзишманди омодакардаи корфармоёнро бурд намоянд.