7 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»

266

Имрӯз ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» миёни қишрҳои гуногуни ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид.

Дар озмун довталабон аз рӯйи номиннатсияҳои гуногун иштирок намуданд. Зимни баргузории озмуни мазкур аз ҷониби сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ довталабони зиёд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дастаи Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи наминнатсияҳои муайяншуда иштирок намуда, бо гирифтани 7 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал гардид.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ғолибонро барои дастовард ва муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуда, таъкид доштанд, ки роҳбарият омодааст дар давраи сессияи санҷишию имтиҳонӣ ва масъалаи шартномаи таҳсил ба ғолибон мусоидат намояд.

Зимнан дар самти омодагиҳо ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур тавсеаҳои судманд дода шуд.