МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ – ВАТАНДӮСТӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РЕКТОРИ ДМТ»

286

Имрӯз (11.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳарбӣ-амалӣ байни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори ДМТ» баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иштирок намуда, зикр намуд, ки ҳамасола ба муносибати ҷашнҳои муҳимми сиёсӣ аз ҷониби мақомоту муассисаҳои давлатӣ дар саросари кишвар чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, илмӣ, маърифатӣ, иттилоотӣ, тарғиботӣ, варзишӣ, фарҳангӣ баргузор карда мешавад, ки дар ташаккули тарбияи ватанпарастии ҷавонон саҳми беназир мегузоранд. Чорабинии имрӯза, ки бо иштироки бевоситаи донишҷӯён роҳандозӣ карда мешавад, барои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, омодагии мудофиавии шаҳрвандон, баланд бардоштани маҳорати тирандозии онҳо, маҳорати варзишӣ ва ҳувияти миллии донишҷӯён нақши муҳим дорад.

Зимнан таъкид гардид, ки Давлату Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавон, хусусан ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии онҳо, устувории мафкураи миллии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ояндаи рушдёбандаи кишварро ба онҳо вобаста донистааст. Бо ин назардошт, ҷавононро мебояд, ки бо ҳисси баланди масъулият фаъолият намуда, дар татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати Ҳукумати мамлакат саҳми арзишманди худро гузоранд.Сипас муовини аввали раиси Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдулмуъмин Давлатзода баромад намуда зикр кард, ки тарбияи ҳарбии ватанпарастии ҷавонон як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир назаррас аст.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷояги бо Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» бори дуюм аст, ки мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ миёни донишҷӯёни донишгоҳро доир менамояд. Тибқи низомномаи баргузории мусобиқаи мазкур аз ҳисоби донишҷӯёни факултетҳо дар шумори чор нафар дастаҳо фаро мегирад.

Дар охир тибқи баҳогузории ҳакамон маълум шуд, ки дар мусобиқаи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дастаи факултети муносибатҳои байналхалқӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи факултети филологияи рус сазовори ҷойи дуюм ва дастаи факултети ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон бо диплом, Ҷоми ректори ДМТ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, роҳбарияти донишгоҳ бо Сипосномаи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарғиб намудани варзиши тирпарронӣ ва рушди тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон мебошад. Чунин мусобиқаҳои варзишии ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар самти чолоку ҷасур ва хушёру зирак намудани насли наврасу ҷавон мусоидат менамояд.