ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ

256

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами ҳар як кишвар яке аз рамзҳои муҳими давлатӣ буда, сароғози соҳибдавлативу мустақилият, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузоштан аст. Дар парчам рамзи давлатдорӣ таҷассум гардидааст, ки равшангари таърих, сарнавишту саргузашти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои миллатанд.

30 сол қабл дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини тоҷикон сабт гардидааст, 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон қабул гардид.

Дар даврони 31 – соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо имкони воқеӣ фароҳам оварда шуд, ки зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро интихоб намоем ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии ватан дар даврони истиқлолият ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлолӣ дар ҳар як маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, парафшонӣ мекунад. Ҳамчунин Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми майи соли 2011 дар маркази пойтахти кишварамон дар баландии 165 метр барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад. Боиси сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид дар қатори дигар кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.

Воқеан, парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ дар пешбурд ва муаррифии дилхоҳ кишвар нақши калидӣ дорад. Бидуни Парчам миллатро наметавон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ва соҳибистиқлолу озод дарак дод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ санаи 24 ноябри соли 2021 қайд намуда буданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ ва истиқлолу озодӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷики ватандӯсту бонангу номус аст.

Аз ин рӯ, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ, эҳтирому ифтихор ва қадршиносии парчами давлатӣ, ки таҷассумгари умеду ормонҳои мардуми мо, рамзи давлатдорӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, қарзи виҷдонии ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпарасти кишвар аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 2021 зикр намуданд, ки: «Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад».

Бинобар ин ҳар яки мо вазифадорем, ки бо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ Парчами давлатиро эҳтиром намоем. Дaр фaзои Истиқлол вa сулҳу субот сaрбaлaндонa, якдилона, бо ҷонибдори аз сиёсати созандаи Пешвои миллат зери парчами миллӣ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона аз як гиребон сар бароварда, дар раванди рушди устувори созандагиву бунёдкорӣ саҳми хешро гузорем.Бигзор парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу ватандорӣ то ҷовидон парафшон бод!

Ҷовид АЛИЕВ,корманди Маркази тестӣ, технологияҳоииттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавии ДМТ