ПАРЧАМ РАМЗИ ЯКДИЛИИ МИЛЛАТ

430

Парчами озодагон пар мезанад,

 Аз замин то осмон пар мезанад.

Метапад дар рангҳояш рӯҳи халқ,

Аз карон то бекарон пар мезанад.

Ҷони мо саршори ишқи меҳан аст,

Достони ростон пар мезанад.

 Бар сари мо ҳамчунон мурғи ҳумост,

 Парчами озодагон пар мезанад.

Бояд гуфт, ки Парчам ин рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллии ҳар як давлат мебошад. Мавқеи ҳар як давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ тавассути парчами ӯ шинохта мешавад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад.

Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эътимори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.

Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳамчун иди миллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ ҷашн гирифта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар он рӯз мардуми шарифи мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ табрик намуда, зикр намуда буданд, ки Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Бешак, Парчами давлати Тоҷикистони соҳиистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ дар худ 3 рангро таҷассум намудааст, ки дар он ҳадафу мароми халқ ифода ёфтааст. Ранги сурх – мубориза бурдан ва талош намудани миллати тоҷик барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлолият.

Ранги сафед-бахту иқболи сафед, покизагӣ. Ранги сабз – кӯшишу заҳмати беандозаи миллати тоҷик баҳри обод ва сарзабзу хуррам гардонидани ватан мебошад.

Дар интиҳои сухан чунин гуфтаниам, ки бо дидану шунидан ва ба забон овардани калимаи Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.

н.и.б., муаллими калони кафедраи физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биология Беҳзод Устоев