СУХАН АЗ КОНСТИТУТСИЯ ВА ФАЪОЛИЯТИ ПУРМАҲСУЛИ ФАКУЛТЕТ

1109

Имрӯз (30.10.2019) дар Донишгоҳи миллӣ бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди фаъолияти пурсамари факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми ҳуқуқии миллӣ: заминаҳои рушд ва дурнамои илми ҳуқуқшиносӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Оғози конференсия дар толори калони донишгоҳ бо иштироки роҳбарон ва намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла муовини авали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон  Ашуриён М.Қ., раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сафарзода Б. А., раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода А.А., раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С., Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Р.Ҳ., Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, муовини аввали Прокуротураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳ.Н., директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Ш.О., муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Р.М. доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, академик Имомзода М.С. ва барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ, ки фарогири таронаҳои ватандӯстӣ буд, оғоз ёфт. Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ меҳмонон, дастпарварони факултет ва кулли иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни миллӣ – 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-умин солгарди фаъолияти пурсамари факултети ҳуқуқшиносӣ табрик намуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки Конститутсия дар таҳкими пояҳои соҳибистиқлолӣ, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва расидан ба зиндагии сазовор нақши асосӣ дорад. Дар таҳияи лоиҳаи Конститутсия, пеш аз ҳама, ҳуқуқшиносоне саҳм доранд, ки маҳз хатмкардагону дастпарварони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Дар идомаи нишаст номаҳои шодбошӣ ироа ва аз ҷониби сохторҳои гуногуни давлатӣ роҳбарияти донишгоҳу факултет, инчунин, чанде аз донишмандону устодони риштаи ҳуқуқшиносӣ бо ифтихономаю медалҳои фахрӣ қадрдонӣ шуданд.

Кори конференсия бо иштироки муҳаққиқони соҳа дар бахшҳои зерин идома дорад: «Масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ», «Проблемаҳои муосири ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ», «Вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои инкишофи илми ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи гражданӣ  ва оилавӣ», «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи соҳибкорӣ ва сайёҳӣ», «Проблемаҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи кишоварзӣ ва ҳуқуқи экологӣ», «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи мурофиавӣ, ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ», «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Масъалаҳои мубрами криминалистика, фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ва  экспертизаи судӣ», «Проблемаҳои муосири ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ» ва «Забоншиносии ҳуқуқӣ ва масоили тарҷумаи ҳуқуқӣ».