ЧОРАБИНИИ ИТТИЛЛООТИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ВА БАРНОМАИ “ERASMUS+”

962

  Имрӯз (02.12.2019) дар доираи баргузории чорабиниҳои илмӣ-фарҳангии «Ҳафтаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон» дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии иттиллоотӣ дар бораи ИА ва Форуми донишҷӯён дар доираи барномаи “Erasmus+” баргузор гардид. Дар нишаст намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва шарикони барномаи “ Erasmus+” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 Дар ҳамоиш дар самти такмили дониши донишҷӯён ва ҳамкориҳои судманди муассисаҳои таҳсилоти олии ҶТ бо ИА, хусусан дар самти ислоҳоти муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки мақсади асосии ислоҳот дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олии (МТО) ин тайёр намудани мутахассисоне мебошанд, ки дониши баланди назариявӣ ва амалӣ дошта, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд ва дар бозори меҳнат рақобат карда тавонанд.

«Яке аз роҳҳои ислоҳоти МТО ин рушд бахшидани фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа мебошад ва дар ин самт ҳамкорӣ бо МТО-и мамолики ИА, мамолики шарик ва омӯзиши таҷрибаи хуби онҳо муҳим мебошад»- афзуд З. Нуриддинова, намояндаи Дафтари миллии “Erasmus+” дар ҶТ.