СУПОРИДАНИ НИШОНУ МЕДАЛҲОИ ИФТИХОРӢ, ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ВА МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲО ДАР ШУРО

349

Дар соли 2022 дар самти илмию таълимӣ ва байналмилалию хоҷагидорӣ дастовардҳои Донишгоҳи миллӣ хеле назаррас буда, пайваста устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд.  

Имрӯз (30.12.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ чун анъана аз ҷониби раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зумрае аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

Ректори донишгоҳ дар оғоз коллективи аъзои Шурои олимон ва дар шахсияти онҳо устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин, ғолибони давраҳои гуногуни озмунҳоро ба фарорасии соли нави мелотии 2023 самимона табрик намуда, иброз дошт, ки ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ бояд соли 2023-ро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд ва ба муваффақиятҳои нав ба нав дар рушди кишвари соҳибистиқлоламон саҳм гузоранд.

Ҳамин тавр, дастовардҳо аз рӯйи самтҳои зерин муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

РОҲБАРИЯТ

Қаблан таъкид шуд, ки Роҳбарияти донишгоҳ барои иштироки фаъол дар дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар бо Ифтихорнома ва барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе   бо Ифтихорнома қадрдонӣ шудаанд.

ИЛМ

  Зимнан ба омӯзгорони донишгоҳ Абдуллоева Меҳрангез ва Тозаева Фарзона, ки рисолаҳои илмии хешро дар КОА-ии Федератсияи Русия дифоъ намуда буданд, шаҳодатномаи номзадӣ дода шуд. 

ҚАДРДОНӢ

Сафарализода Х.Қ. – мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Шарипов Ҷ.С. – дотсенти факултети таърих бо медали ВКД «Барои ҳамкор», инчунин, чанде аз устодони донишгоҳ (Қурбонализода Н., Шарипов А., Абдуллоев Ҷ., Ёраҳмадов А. ва Ризвонова З.) бо нишони «Аълочии маориф ва илм»  қадрдонӣ шуданд.

ОЗМУНҲО

Бо фармоиши ректори донишгоҳ ғолибони озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», озмуни корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамзамон, роҳбароини илмии иштирокчиёни озмун бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаи донишгоҳ ҳавасманд гардонида шуданд.

ҲАВАСМАНДСОЗӢ

Тибқи  фармоиши ректори донишгоҳ зумрае аз кормандони раёсатҳои илм ва инноватсия барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, иштироки фаъол дар корҳои илмию ҷамъиятии донишгоҳ бо Ифтихорнома, инчунин, дар асоси фармоиши дигари роҳбарият чанде аз устодони факултети фарматсевтӣ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ба Ифтихорномаю (Юсуфзода А.Ҷ. ва Шарипов Х.Ш.) Сипосномаи донишгоҳ (Сайфуллоева Д.Ф. ва Бобоёрзода Қ.Р.) ҳавасманд гардонида шуданд.

ВАРЗИШ

Дастоварди донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Исфандиёр Ҳабибов муаррифӣ шуд. Ӯ аз 14 то 16-уми декабри соли равон дар Федератсияи Русия дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ  аз рӯйи вазни 75 кг, ки миёни 19 давлати дунё гузашт, иштирок намуда, бо 9 нафар сабқат карда, дорандаи 2 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ гардид. Ҳамзамон, бо унвони дараҷаи «Устоди варзиши Федератсияи Русия» интихоб шуд.

Инчунин, донишҷӯи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ Қосим Сардоров дар Чемпионаити ҷумҳуриявӣ оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ байни ҷавонон ва калонсолон дар вазни 83,9 кг соҳиби ҷойи аввал гардид. Имрӯз аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ғолибони самти варзиш муаррифӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд.

Навгониҳо дар ҳама самт, аз ҷумла илму таълим: иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва семинарҳои омӯзӣшӣ зиёд буда, устодон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.