РУШДИ ҲАМКОРИҲО

1068

 Санаи 14-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо роҳбари Маркази илмӣ-фарҳангии Русия дар шаҳри Душанбе М.В. Вождаев баргузор гардид.

Зимни мулоқот М.В. Вождаев ҷиҳати баргузор намудани имтиҳони қабули довталабон ба гурӯҳҳои буҷавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия дар заминаи ДМТ суханронӣ намуд.

Профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз ҳамкориҳои судманди ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ФР изҳои сипос намуда, баргузории ҳама гуна чорабиниҳою ҳамоишҳоро дар заминаи ДМТ муносиб арзёбӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми ДМТ ва Маркази илмӣ-фарҳангии Русияро дар самти густариши ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ намуданд.