ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ТАЪЛИМ

817

Дар доираи ҳамкориҳо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамоҳангсози барномаи ТИКА (Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Туркия) дар шаҳри Душанбе Тарик Мете мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуда, роҷеъ ба ободу зебо гардонидани донишгоҳ, хусусан сохта ва ба истифода додани маркази таълимӣ дар назди ДМТ суханронӣ намудаанд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати баргузории ҳамоиши илмии байналмилалӣ, табодули устодону донишҷӯён, омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ, инчунин, татбиқи корҳои илмӣ-таълимӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳо толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ (ТСО) аз ҷониби Агентии мазкур тармим гардид ва тибқи созишнома дар рӯзҳои наздик дар даҳлези толори мазкур маркази таълимӣ барои омӯзиши забонҳои туркӣ-тоҷикӣ кушода мешавад.