ИНКИШОФИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ

1298

 Имрӯз (10.02.2020) дар толори Маркази миллии таълимии мубориза бар зидди савдои одамон, ки дар назди факултети ҳуқуқшиносӣ амал мекунад, семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур сардори раёсати илм ва навоварии техники ДМТ Р.Наботӣ, устодону магистрони факултет иштирок намуданд. Дар оғоз Р. Наботӣ ва муовини декани факултет оид ба илм ва робитаҳои байналмиллалӣ П.Абдуллоев оид ба муҳиммияти мавзӯъ суханронӣ намуданд.

Дар ибтидо маърӯзаҳои мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ И.Т.Маҳмудов «Назорати прокурорӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ (ФОҶ)», муаллими калони кафедраи идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ, полковники милитсия Ф.М. Қосимов «Андешаҳои Раҳимзода Р.Ҳ. дар илми фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ К.Д.Давлатзода «Масоили институти мусоидати шаҳрвандон ба мақомоти амаликунандаи ФОҶ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.