ҲАМКОРӢ БО МУҲАҚҚИҚИ ВАРЗИДАИ ХОРИҶӢ

344

Имрӯз ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва равобити байналмилалии Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотии кишварҳои дуру наздик дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи ҳамкориҳои судманд ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо олими варзида, профессор аз шаҳри Калорадо – Спрингси ИМА Ҷонатан Зартман мулоқот намуд. Вохӯрӣ дар заминаи факултети замонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ зумрае аз устодони факултети мазкур иштирок дошта, ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ, аз қабили баргузории ҳамоишҳои маҷозӣ, табодули таҷриба ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ табодули афкор намуданд.

Баъд аз мулоқот профессор Ҷонатан Зартман аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид нумуд.