ИҚДОМИ НЕКИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

431

Хонандагони болаёқати Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби роҳбарият ва шарикони донишкада ҳавасманд кардонида мешаванд. Дирӯз бо баргузории як чорабинии тарбиявӣ хонандагони хушсалиқа бо стипендия ҳавасманд гардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд гардонидани хонандагони болаёқат дар Донишкадаи Котфутсий гирифтани стипендияро ҷорӣ шудааст, ки барои боз ҳам рӯҳбаланд гардонидани хонандагон нақши муҳим мегузорад. Ҳамасола аз ҷониби раёсати Донишкада шумораи муайяни хонандагони лаёқатманд бо стипендияи Донишкада сарфароз гардонида мешавад ва ё аз ҷониби шарикони донишкада шартномаи хонандагони болаёқат пардохт мегардад.

Дар воқеъ шунавандагон ва толибилмон заҳмату талошҳои зиёд намуда, баҳри аз бар намудани фарҳангу забони чинӣ ва комёб гардидан ба стипендияи Донишкада кӯшишҳои ҳамагиро анҷом медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола сафи гирандагони стипендияи Донишкада меафзояд. Албатта, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки омӯзгорони Донишкада дар баланд бардоштани сатҳи забономӯзии хонандагон саҳми назаррас гузошта истодаанд. Бояд иброз намуд, ки Донишкадаи Конфутсий назди ДМТ ҳамкориҳои самаранокро бо ширкатҳо ва соҳибкорони Тоҷикистону Чин ба роҳ мондааст, ки онҳо аз имкониятҳои худ истифода намуда, ҳамасола ба хонандагони Донишкада дасти кумак дароз менамоянд. Мо минбаъд низ чунин ҳамкориҳоро бо ширкатҳо ва соҳибкорон тақвият медиҳем.

«Боварии комил дорам, ки минбаъд хонандагони Донишкада барои баланд бардоштани сатҳи забономӯзии худ талош намуда, аз имкониятҳои ҷойдошта, махсусан, мушарраф гардидан бо стипендияи Донишкада васеъ ва самаранок истифода мебаранд» – иттилоъ дод директори донишкадаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Ф.Қосимов.