АНҶОМИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ «ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ ҲАРБӢ»

402

Имрӯз (17.04.2023) курси такмили ихтисосро намояндагони сохторҳои низомӣ ва кафедаҳои ҳарбии муассисаҳои олии кишвар аз рӯйи равияи педагогика ва психологияи ҳарбӣ хатм намуданд.

Бо мусоидати ректори донишгоҳ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, инчунин баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи ҳарбӣ дар ДТИОМТОК курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи “Педагогика ва психологияи ҳарбӣ” аз 6.03.2023 то 12.04.2023 баргузор гардид.

Курси мазкур бо иштироки намояндагони сохторҳои низомӣ ва кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои олӣ, аз ҷумла Мактаби олии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М.Д. Тошмуҳаммадов, кафедраҳои ҳарбии ДМТ, ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино, ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемуров доир гашта, барои қавӣ гардонидани донишҳои психологии ҳарбӣ, табодули афкор миёни иштирокчиёни курс замима мегузорад.

Дар зимн иштирокчиён аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан карданд.