МУҲИМТАРИН МАВЗӮИ РӮЗ

359

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ хониши сиёсӣ бо иштироки устоди факултети фалсафа Сафарализода Х.Қ. доир гардид.

Зимнан Сафарализода Х.Қ. дар робита ба нуктаҳои гуногуни сухнрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва раёсати донишгоҳ тависяҳои судманд дод. Зимнан гуфта шуд, ки дар замони муосир барои ҳар як давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб мешавад. Мо вазифадорем, ки дар ин самт аз пештара бештар фаъолият намоем.

Сафарализода Х.Қ. дар суханронии хеш иқдоми роҳбарияти донишгоҳро ҷиҳати баргузории хониши сиёсӣ дар самти такмили донишҳои муосир судманд арзёбӣ намуда, афзуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба ҷавонон фаҳмондани равандҳои харобиовари замони муосир ва амиқ дарк намудани онҳо мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ Сафарализода Х.Қ. оид ба масъалаҳои ватандӯстӣ, терроризму экстремизм, мушкилоти иттилоотию тарғиботии сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои интернетӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки муҳимтарин мавзӯ дар ин самт ин мавзӯи ватандӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллист. Ватандӯстӣ аз ҳар фарди некноми Тоҷикистон маънавиёту маданияти баланд, ахлоқу нияти пок, муҳаббати бепоён ба ватани хешро талаб мекунад.

Дар идомаи нишаст мудири шуъбаи тарбия Ҳ.Саидов ва мудири шуъбаи ҷавонони донишгоҳ М.Давлатов низ суханронӣ намуданд.Ёдрас мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ чунин чорабиниҳои маърифатӣ миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки устодони соҳаҳҳои мухталиф ҷараён доранд.