УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ФАРМАТСЕВТӢ АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС МЕГУЗАРАНД

350

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста курсҳои такмили ихтиоси тахассусиро роҳандозӣ менамояд.

Дар партави эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Донишкада тасим гирифтааст, ки олимони машҳури соҳаҳои мухталифро аз хориҷи кишвар низ даъват намояд. Дар ин росто, дар курси такмили ихтисосии фармасевтӣ профессори Донишгоҳи давлатии Гродно ба номи Янка Купалаи Ҷумҳурии Белорус Созинов Олег Викторович даъват шудаст, ки барои омӯзгорони факултети фармасевтии донишгоҳ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур дар доираи барномаи такмили ихтисос дарс мегӯяд. Ҳамкориҳои илмию таълимӣ густариш меёбанд.