ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИИ ҶАВОНОН

375

Имрӯз (25.04.2023) бо ибтикороти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили доимамалкунандаи “Сиёсатшиносони ҷавон” ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Мактаби давлатдории Пешвои миллат дарси бузургест барои ҷавонон” баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода, муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” Зарнигор Раҷабзода ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муҳтарам Маликшоҳ Неъматзода дар робита ба мавзӯи вохӯрӣ суханронӣ намуд. Дар идомаи маҳфил ба иштирокчиёни фаъол аз ҷонби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим гардид.

Ёдрас мешавем, ки қабл аз баргузории ҳамоиш иштирокчиён аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.