БАРРАСИИ ВАЗЪИ МУОСИР ВА МУШКИЛОТИ СОҲАИ САНОАТ

406

Дар шароити муосир соҳаи саноат яке аз соҳаҳои калидӣ барои таъмини рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз соҳаи саноат имконияти коркарди маҳсулоти дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ истеҳсолшударо дорад ва ба онҳо хусусияти нав медиҳад.

Ин нукта имрӯз  (02.05.2023) зимни баргузории конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саноатикунонии иқтисоди миллӣ: вазъи муосир, мушкилот ва дурнамои он» баргузор гардид, ироа шуд.

Конференсия  бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт.

Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Саноатикунонии босуръат» ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид ва вобаста ба ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тасдиқ гардидааст, ки ин метавонад ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва беҳтар сохтани инфрасохтори он омили муассири бо ҷои кор таъмин шудани аҳолиии мамлакат ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Сипас номзади илмҳои иқтисодӣ, ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Баҳодур Маҳкамов доир ба “Дурнамои ташаккули кластерҳои саноатӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии донишгоҳ Ғаюр Соҳибназаров оид ба “Корхонаҳои хурд ва нақши онҳо дар саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи гуманитарӣ-иқтисодии Алмаато Ешпанова Динара Дауренбековна (Қазоқистон) доир ба “Тамоюли рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Қазоқистон” ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти  кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ Юсупов Сиддиқ доир ба “Равишҳои консептуалии саноатикунонӣ ва марҳилаҳои рушди он” маърӯзаҳо намуданд.

Зикр гардид, ки барои таъмини саноатикунонии босуръат раванди таъминоти кадру мутахассисони касбӣ аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси кишвар масъалаи мубрам буда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар раванди таъмин намудани саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути омодасозӣ ва тайёркунии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир саҳми арзишманд дорад.

Таъкид шуд, ки дар ҷараёни конференсия аз ҷониби мутахассисони дохилу хориҷи кишвар дар бахшҳои гуногун ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ наздик ба 50 маърӯза баррасӣ мегарданд.