22 МЕДАЛИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ АЗ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

453

Хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар XIX олимпиадаи байналмилалии аз рӯйи фанҳои асосӣ, ки дар пояи Донишгоҳи давлатии педагогии Урал миёни хонандагони синфҳои 5-11 аз рӯйи 13 фан, аз ҷумла таърих, ҷомеашиносӣ, забонҳои хориҷӣ – русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, фанҳои адабиёт, математика, физика, информатика, химия ва биология доир шуд, иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Олимпиадаи мазкур миёни муассисаҳои таълимии кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белоруссия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон доир гардид, ки хонандагони литсейи донишгоҳ соҳиби шаш медали тилло – ҷойи 1-ум, ҳашт медали нуқра – ҷойи дуюм ва ҳашт медали биринҷӣ -ҷойи 3-юм гардиданд. Инчунин, 20 нафар хонандагон барои иштироки фаъол бо ифтихорнома ҳавасманд гардонида шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби кумитаи тадорукот роҳбарияти донишгоҳ ва маъмурияти литсей, инчунин, омӯзгорони он барои ҳамкориҳои судбанд бо симоснома қадрдонӣ шуданд.

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастаи ғолибро барои муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуд.