ДАСТУРУ СУПОРИШҲО ҚАТЪИЯН НАЗОРАТ МЕШАВАНД

420

Дар ҷаласаи назоратии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ масъалаҳои илмию таълимӣ, байналмилалию молиявӣ ва хоҷагидории факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

. Ректори донишгоҳ бо тавсил аз фаъолияти факултетҳо ва сохторҳо суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки самтҳои гуногуни фаъолияти факултетҳо бояд таҷдиди назар карда шаванд. Ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва дифоъи рисолаҳои номзадию докторӣ бояд бештар гашта, мавзуъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Дар идомаи суханронӣ Ректори донишгоҳ дар самти анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, дарёфти грантҳо ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ изҳори назар намуда, ҷиҳати рушд бахшидани самтҳои зикршуда ба садорату сохторҳои зертобеъ тавсеаҳои судманд доданд.

Гуфта шуд, ки вобаста ба ворид гардидани мактабҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот зарурати таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин, мутобиқ кардани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ пайдо гардидааст, ки аз ҳар роҳбар ва корманди донишгоҳ дар иҷрои вазифа масъулияти баландро талаб мекунад.

Зикр шуд, ки вазифаи муҳимми садоратҳо, мудирони кафедраҳо ва умуман, аҳли донишгоҳ, қабл аз ҳама, татбиқи тадриҷии дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди корҳои таълимию методӣ, ташкилию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, хоҷагию молиявӣ, инчунин, баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ мебошад.

Дар интиҳо ҷиҳати боз ҳам хубтар гардидани фаъолияти сохторҳо дастурҳои мушаххас дода, таъкид гардид, ки дастуру супоришҳо қатъиян назорат мешаванд.