ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МЕГУЗАРОНАД

532

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши фанҳои таббиӣ ва риёзӣ бахшида ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” бо истифода аз базаи илмиву таълимӣ ва таҷҳизотҳои техникии донишгоҳ Интернет-Олимпиади байналмилалиро аз фанни химия байни донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ намуд.

Имрӯз бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. олимпиадаи мазкур оғоз ёфт. Зимнан таъкид шуд, ки рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиӣ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии ҳар кишвар ва таъмини рақобатпазирии он кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Зеро дар марҳилаи нави рушд нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли ҳар гуна масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим мебошад. Таъкид шуд, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамаи дастовард ва муваффақиятҳои факултети химияи донишгоҳро ба инобат гирифта, бо мақсади рушди тафаккури химиявӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи навоварӣ, пайвасти илм бо амалия, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанни химия, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт бори аввал Интернет-олимпиадаи онлайниро аз фанни химия роҳандозӣ намуд.

Дар зимн муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва устоди факултети химия Собиров Ҳ. оид ба тартиботи баргузории Интернет-Олимпиади мазкур муфассал маълумот доданд. Зикр шуд, ки дар олимпиадаи мазкур 127 нафар иштирокчӣ аз 50 муассисаҳои таҳсилоти олии 8 давлат ширкат меварзанд.

Ёдрас мешавем, ки кори Интернет-Олимпиади байналмилалӣ аз фанни химия имрӯзу пагоҳ идома дорад.