ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА

213

Бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯи курси 2-юми факултети биологияи ДМТ Тимошенко Антон Владимерович ва корманди факултети физика Сафаров Сайфулло дар доираи лоиҳаи “Ташаббусҳои экологӣ” навгоние ташкил намуда, дар 2 деҳоти дурдасти ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин ҳамчун ҳадя супориданд. Ин ҳам бошад лампаҳо бо панелҳои офтобӣ, ошхонаи параболии офтобӣ ва деги тезпаз буданд.

Мақсади ин ташаббус бо рӯшноӣ таъмин намудан, зуд омода намудани хӯрок ва кам кардани буриши ҷангалзорҳо мебошад. Ташаббуси мазкур зери дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Ҳангоми супоридани маводи лозима бо супориши бевоситаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт декани факултети биология н.и.б. дотсент Кароматуллои Қурбоналӣ ва муовинони декан оид ба таълим Авази Мирзо иштирок намуд. Мардуми сарбаланди деҳаҳои мазкур минатдории худро баҳри тарбияи чунин ҷавонон ба ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. расониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки мардуми деҳот аз иқдоми пешгирифтаи донишҷӯи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шод шуда, изҳор доштанд, ки минбаъд дар нигоҳдории тозагии экологӣ ва нигоҳ доштани ҷангалзорҳо ва барқароршавии он саҳми босазоии худро мегузоранд.