(Чанд андеша дар ҳошияи рисолаи Саймумин Ятимов “Эҳёи миллат – бақои миллат”)
“Донаи гандуми зери хок намедонад, ки ӯ фардо – сабаби эҳёи зиндагӣ мешавад”
(Аз номаи Сервантес)
Ин рисолаи басо муҳимми илмӣ, ки муҳаррики баҳси пур аз эҳсосоти меҳанпарастӣ мебошад, қариб 25 сол дер иншо шуда аст. Агар мо дар ибтидои солҳои навадум чунин рисолаҳо ва мақолаҳои ирфони сиёсии дақиқи илмӣ медоштем, даст ба силоҳ намезадем.
Аз ҷумлаи аввали мақолаи “ЭҲЁИ МИЛЛАТ – БАҚОИ ДАВЛАТ” (С.С. Ятимов. Фейсбук. 27.08.2023) пойбанди ҷӯшу хурӯши шуур ва шавқи қироати амиқ мегардед.
Ҳанӯз дар асри ХIV ҷунбиши Даврони Эҳё, ки онро “марз” – и асри миёна ва оғози зиндагии нав низ меноманд, навҷӯӣ ва тағйирпарастии инсонҳо аз фарҳанг, адабиёт, маданият ва рузгори муқарарии инсонҳо ба сиёсат кӯчид. Шуруъ аз солҳои 1350 навҷӯи барои давраи нав дар осори санъати тасвирӣ, романҳои таърихӣ, ҳаммосаҳо эҳё ба мадди аввал мебарояд. Омма чизи нав тақозо мекунад. Дар натиҷаи аз дин муттасил озод шудани санъат ва адабиёт, тасвири воқебинонаи рушди инсон ва табиат бе афсонаҳои динӣ ва нерӯи фавқуттабиии даврони эҳё суръати нав пайдо кард. Дунявият, ки баътар дар асри 15 ба тадриҷ ба атеизм мубадал гашт, собит сохт, ки оммаро давлат, сохтор, диктатура фардҳои роҳнамо, императорҳо, шоҳон идора менамоянд. Аксари кулли онҳо дар ин идоракунӣ аз номи Худоёну пайғамбарон суистифода мекарданд.Дар ин самт аз дин, ҳодисаҳои табиат ва достонҳои афсонавии хайёлии антиқа васеъ истифода мебурданд. Барои дарк ва омӯзиши ин рисола бояд ҳар кас қабл аз ин мақолаҳои мантиқан давомдори академик С. Ятимов “Дин ва Ҷомеа”, “Забон ва амнияти миллӣ”, “Илм ва амнияти миллӣ”, “Тавоно бувад ҳар, ки доно бувад” мутолиа намояд. Ва боз қотеъона такрор мекунам, ки ин рисолаҳо бояд дар 5 – солаи аввали солҳои навадум иншо ва эҷод мешуданд. Ва мо даврони Эҳёи миллии Тоҷикистонро оғоз мекардем. (Табиатан агар маҷмуи ҳамаи андешаҳои фалсафии Ятимовро хулоса кунем, консепсияи комили “Миллат, танҳо дар натиҷаи тақвияти ҳувияти миллӣ ба давлатдории комил ноил мегардад” бармеояд. Дар асл Тоҷикистон пештар аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқостон ва Туркманистон дар баробари ҷумҳуриҳои Назди Балтика дарвозаи эҳёро боз карда буд. Маҳз зиёиён ва рушанфикрони бедорандеши соли 1988, 1991 давлати миллӣ, бо забони миллӣ ва фарҳанги миллӣ ва роҳи рушди дунявӣ демократиро тарғиб карда, барои бунёди он талош карданд. Бадбахтона дин ва оин иқдоми рӯшанфикронро ба даст гирифт. Дин бо дастгирии тундгароёни хориҷӣ рӯшанфикронро ба масҷиду хонақоҳ, ҷамоатхонаҳо кашид. Ва соли 1991 ҳодисаи фавқулода нав барои ҷомаеи ҷаҳонӣ ғаричашмдошт дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Гург ва гӯсфанд дар як сангар саф кашиданд. Дин, рӯҳониёни мансабталош ва нерӯҳои демократӣ дар атрофи ҳизби ғайрирасммии ҲНИТ барои интихоботи демократӣ сар боло карданд. Маҳз дар он давра рисолаҳо ва мақолаҳои “Идеология ва манфиати миллӣ. – Д., 2015; Таҳлили стратегӣ ва ояндабинии сиёсӣ. – Д., 2015; Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт. – Д., 2019; Илм ва амният. – Д., 2019; Иммануил Кант ва ташаккули субъекти сиёсӣ. – Д. 2019; Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат. – Д., 2019; Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Д., 2019; Аристотел: давлат ва сиёсат. – Д., 2019; Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди давлат. – Д., 2019; Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат. – Д., 2020; Худшиносии миллӣ ва масъулияти ватандорӣ ба мардум намерасиданд.
Эҳё дар Итолиё ба вуҷуд омад, ки ҳанӯз дар асрҳои 13-14 дар фаъолияти шахсиятҳои таърихии Тони Парамони, Пизано, Ҷотто, Орканья ва дигарон зарурати эҳёро ба миён гузоштанд. Ҷунбиши озодандешӣ ва миллӣ барои озодии рӯшанфикрони Тоҷикистон ба давраи Эҳёи ибтидоии (ибтидои асри XV – охири асри XV) Италия монанд аст. Ва барои Тоҷикистон чунин заминаҳо мисли Италия фароҳам буданд. Академик С.С. Ятимов, барҳақ, хирдамнадона “Эҳёи миллии Аврупоро сабаб он буд, ки аз замони салтанати Масеҳият – дини насронӣ, наздик ба якуним ҳазор сол мегузашт. Талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум хостори таҳаввулот ва пешравӣ буданд. Ин ниёзмандиҳо ба манфиати рӯҳониён, калисо созгор намеомад. Дар шароити Ақлсолорӣ, Хирадгароӣ, Тақдирнописандӣ, пешрафти илму техника, Хештаншиносӣ ва Худшиносии миллии мардум, ки ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафсири ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккури рӯҳоният комилан мувофиқат намекард, ин тоифа обрӯ, нуфуз, оқибат ҳукумат – манфиати худро аз даст медод” чун докторинаи рушди озоди ҷомеа пешниҳод шудааст. Вале боз такрор мекунам, ки доираи рӯҳониёни қудратхоҳ ин фурасти қулайро аз даст надоданд. Рӯҳониён зери ниқоби демократия силоҳ ба даст гирифтанд. Ончунон академик Ятимов пажӯҳиш кардааст “Тарзе хотирнишон гардид, низоми динӣ, ки якуним ҳазор сол қабл тавлид ва тавассути ҷангҳои салибӣ устувор шуда буд, бо гузашти асрҳо, бо таҳаввулот ва талаботи зиндагии нав дар тазод ва низои воқеӣ ворид гашт. Натиҷаи ин гуна нофаҳмиҳо байни рӯҳонияти мусаллаҳ бо ҷаҳонбинии ба муддати садсолаҳо ақибмонда ва зиёиён, мардуми тараққихоҳ, воқеънигар ва навовар бо қатлу куштор ва террор анҷом меёфт” (Ҳамон ҷо. Фейсбук.27.08.23)
Профессор Ятимов оқилона зикр мекунад, ки “Истифодаи истилоҳи «Эҳё», албатта, ба моҳияти кулли ҳодисаҳое, ки ҷомеаи Аврупоро фаро мегирифтанд, мувофиқати пурра надошт”. Ин истилоҳро дар солҳои навадум ҷунбиши террористии ҲНИ (Дар Тоҷикистон ва Россия мамнуъ аст) барои қудрати сиёсӣ бо дастгирии неруҳои берунӣ барои пурра аз байн бурдани давлати тоҷикон истифода мекарданд.
“Аз нигоҳи илмӣ, даврони Эҳё зарурати таърихии нобуд сохтани қолаби куҳна, озод кардани майнаи аз таъсири хурофот шахшудамонда ва ба хатари барои ҷомеа марговар мубаддалгаштаи таассуб, маърифатситезии «аксарият» дар қиболи «ақаллият»-и озодандеш буд” Ин тезиси илмии Саймумин Ятимов кашфиёти хеле дақиқи ҷомеашиносии муосир мебошад. Барои рӯҳонии аз занҷири асорат раҳошуда “Иттиҳоди Шӯравӣ “ қолаби куҳна буд. Вале пешвоёни рӯшанфикр огоҳ набуданд, ки мори эҳёи онҳо ҳатмӣ “Аждаҳо” хоҳад шуд.
Ва ин андешаро муаллиф хеле амиқ ба маърази хонанда мегузорад:”Чун олимони Даврони Эҳё аз мардуми ҳушманди замони худ буданд ва масъулияти ба дӯши онҳо гузошташударо хуб эҳсос мекарданд, инқилоби хешро аз ҷодаи илм, маориф, адабиёту санъат, аз «тарҳи нав дарандохтан» дар ҷаҳонбинии мардум оғоз карданд”
Ман ёдрас менамоям, ки “таълимоти неореносансӣ” – и академик Ятимов барои ташаккули давлатдории навини Тоҷикон бояд чун таълимоти омӯзиш ба барномаҳои таълимӣ шомил шавад. Бас аст зӯран ва сунъӣ аз қолабҳои ҷомешиносии хориҷӣ ба шароити Тоҷикистон номувофиқ истифода кардан. Асарҳои публисистии сиёсии Ятимов баёнгари ҳувияти миллӣ мебошанд. Шояд ба аксари куллии хонандагон писанд набошад, аммо бояд мардонвор иқрор кунем, ки мо ҳануз консепсияи миллӣ ё худ идеологияи миллии муосир он чиро 5 сол пеш академик Ятимов пешниҳод карданд таҳия накардем. (Мо, ҳатто, муродифи тоҷикии “Идеология” – ро пайдо накардем. Бародарони узбеку қазоқи мо онро айнан “Идеология” қабул карданд) Дар ин ҷо як мисоли хеле дурушт аз таърихи миллати пашту меорам. Қабилаи пашту фақат дар соли 1747, замони Ҳукумати Аҳмадшоҳи Дурронӣ давлатдории мутамаркази худро пайдо кард. Мо аз асри 9 давлатдории сирф тоҷикиро барпо кардем. Бадбахтона мо аз ҳувияти миллӣ ба ҳувияти маҳалу қавмӣ фуромадему паштуҳо аз ҳувияти қабилавӣ ба ҳуввияти миллӣ (Имрӯз тақрибан 120 миллион паштуҳои ҳинду Покистон, Африқои шимолӣ, Афғонистон мавҷуданд) расида 5-умин маротиба кӯшиши бунёди давлати Паштунистон дар ҳудуди тоҷикон доранд. Дар зарфи 200 соли охир тоҷикони Афғонистон, ҳатто, баъди муҳоҷирати бузурги солҳои 1920, 1933 тоҷикон ба Афғонистон истилоҳи ”тоҷик” – ро ба “дарӣ”, “маҳаллӣ” , даризабонҳои “кобулӣ”, “ҳиротӣ” “ҷабалӣ” иваз карданд.
Ҳувияти миллӣ чӣ навъе, ки дар мақолаҳои Ятимов борҳо зикр шуд, муаллифи ягона надорад. Омма, шуури воҳид, андешаи ягонаи мутамарказ, ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайри давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, идеяҳои шахсиятҳои фареҳехтаи миллат (С. Айнӣ. Б Ғафуров, Ш. Шотемур, Н. Махсум, Эмомалӣ Раҳмон, Саймуъмин Ятимов,) муалифи, меъмор ва муҳандиси ҳуввияти миллӣ мебошанд. То ба ҳол мо танҳо ҷомешинос, академик Ятимов муаллиф ва меъмори ҳуввияти миллиро амиқ нишон додааст. Бешак ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. “Бо ҷашн гирифтани 1100 – солагии давлати Сомониён (соли 1999), эълони Соли тамаддуни Ориёӣ (соли 2006), навиштани асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996, 2002, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ва чандин таълифоти илмӣ – таърихӣ, сохтмони иншоотҳои бунёдиаср. Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, зиндакунандаи маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, раҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро ба истифода аз ин ганҷи бепоён, санадҳои худшиносиву меҳанпарастӣ, истиқлолхоҳиву меҳанпарастӣ даъват кард.
Яъне Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд. Намунаи чунин шефтагӣ ва садоқатмандии миллӣ дар таърих камшумор аст”. (ҳамон чо, Фейсбук.27.08.23)
Имрӯз вақти басо муносиб фаро расидааст, ки мо бояд даврони эҳёро амиқ омӯзем. Ақлпарастӣ ё худ хирадсолории даврони Эҳёро ҳатто дин, ҳатто олами Ислом низ эътироф ва истифода кардааст. Бахусус, дар идеологияи Туркия, Покистон, Миср, Алҷазоир, Британия онро васеъ татбиқ мекунанд. Аммо Туркия, Мисри Араб, Ҳиндустон аввал “Хун” (миллат)-ро дар мадди аввал ва баъдан динро зикр мекунанд. “Ман сараввал турк баъдан шаҳрванди Туркия ва пасон мусулмон ҳастам”. Ин суханони нависандаи бузурги ҷаҳонӣ Азиз Несин давлати Исломии Туркияро ба эътироз овард, аммо дар асл ҳар як турк миллатро дар мадди аввал мегузорад. Аз ин хотир ҳам ин миллат империя дошту имрӯз низ яке аз абарқудратҳои дунё аст. (Бояд зикр кард, ки дар публисистикаи академик Ятимов оҳанги қатъии амр “Ман”и болоназар вуҷуд надорад. Услуби машваратӣ тавсиявии ӯ то ҳадде ба услуби Белинский монанд аст).
Таърих шоҳид аст, ки тоҷикони Афғонистон дин ва азҳобро дар мадди аввал гузошта, миллатро чун хидматгори дин маҳсуб донистанд. Маҳз имкони бузурги эҳёи давлатдории Тоҷикон дар Афғонистон дар дасти устод Бурҳониддин Раббонӣ буд. (Ёдаш ба хайр!). Афсус ин абармарди маъруф аввал Ислом баъд Афғонистону дуртар даризабонҳои Афғонистон мегуфт.
Дар се даҳсолаи охир бо вуҷуди эҳёи забони тоҷикӣ корҳои шоёне анҷом дода бошем ҳам, фақат соли 2022 стратегияи рушди забони давлатӣ тавассути академик С. Ятимов илман барои таҳияи барномаи тӯлонимуддати маърифатӣ пешкаш гардид. Профессор Саймумин Ятимов сари вақт ҳушдор медиҳад, ки миллат ва андешаи нави миллӣ, ормонҳои башарии дунявии илмӣ ва динӣ бояд ба забони ноби тоҷикӣ мунташир ва таксир шаванд. Эҳёи ақл маҳз тавассути забон оғоз мегардад.Бузургтарин сипаҳсолори тоҷикгарои инқилобӣ 900 сол қабл гуфт, ки “ибодат бояд бо форсӣ садо диҳад. Ва дар асри 19 руҳонии ислоҳотгарои олмонӣ Мартин Лютер (1483-1546) ба ҳамватанони худ чунин муроҷиат кард: «Ман қарори қатъӣ қабул кардам: зери роҳбарии ман китоби муқаддаси мо, Инҷил ҳарчи тезтар ба забони немисӣ тарҷума карда шавад. Ва минбаъд намоз гузоштан, ибодат кардан, тамоми маърака ва маросимҳои динӣ танҳо ба забони модарии мо – ба забони немисӣ сурат мегирад!».
Академик Ятимов бо мисолҳо ва иқтибосҳои “оҳанин” собит мекунад, ки барои давлати дунявии хирадсолор қабл аз тааллуқи (мансубият) қавмӣ, динӣ, ҳизбӣ, ирқӣ, миллат дар сатҳи баланд бояд қарор гирад. “Таърихчиён бар ин ақидаанд, ки Мартин Лютери руҳонӣ яке аз ташаббускорони сохтани давлати миллии немисҳо мебошад. Дар он манзалати миллати немис аз ҷумлаи муқадасоти аввалиндараҷа ҳисобида мешавад. Ба ақидаи ин донишманди рӯҳонӣ: «Дар дунё ҳама чиз тағйир меёбад. Иваз мешавад. Инсон метавонад, ҳатто дини худро табдил диҳад. Аммо ягона чизе, ки аз рӯзи тавлид то дами марг тағйирнаёбанда аст ва абадӣ мемонад, Миллат аст».
Маҳз асрори стратегияи ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, сулҳи тоҷикон, рушди босуботи рӯ ба инкишофи Пешвои миллат дар он аст, ки ӯ худро чун дунявисолор, дунявии шаклан миллӣ, таҳамулпазир, бахшояндаи башарпарвар муаррифӣ намуд.
Академик Ятимов мушаххасан касеро мазамат ва танқид намекунад. Аммо ишора мекунад, ки ҳанӯз омилҳо, имконот ва шартҳои татбиқи дастуру ҳидоятҳо дар сатҳи поин амалӣ мешаванд “ Зарур аст, ки ин идеяҳо коркард ва бо истифода аз принсипҳои таърихӣ, таърихӣ – муқоисавӣ, таърихӣ – типологӣ, таърихӣ – генетикӣ, ки ба мавзуи хештаншиносӣ ва худшиносӣ наздик ҳастанд, дар ҷараёни эҳёи миллати тоҷик бо талабот ва шаклу усулҳои рақобатпазир ва самаранок дар тарбияи омма истифода гарданд”. Оре, имрӯз омма кулан ба тарбия ниёз дорад. Айб ва гуноҳ ҳаст, ки тоҷик дар ватан хомуш, ҳатто бо рамз ишора намекунад. Аммо аз дуриҳои Аврупо ба таърихи худ, ҳайсияти миллат, ба шаҷараи миллии хеш дашному фаҳш мегӯяд. Боиси шармандагист, ки ҳамдиёрони мо дар Аврупо ва ИМА аз номи миллати хеш ор намуда, мардуми соддаро ба қиём даъват мекунанд.
Таълимоти академик Ятимов аниқтараш публисистикаи сиёсӣ, дастурии илмии Ятимов набояд барои “ороиши” – и ҷевон ё намоиши китобҳо хидмат кунад. Ин осори пурқиммати илмӣ сутунмуҳраи фалсафаи муосири тоҷик аст. Боз ҳам такрор мекунам, ки бояд дар асоси осори илмӣ – сиёсии Ятимов китоби дарсии “Ормонҳо ва ҳувияти миллии тоҷик” чун васоити таълим нашр шавад.
Наҷмиддин Шоҳинбодов,
адиб ва журналист,
бознашр аз рӯзномаи «Имрӯз Нюс», аз 31 августи соли 2023, №128 (2717)