ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНФУТСИЙ ДАР ДМТ

328

Ҳамасола дар чанде аз давлатҳои ҷаҳон ҳафтаи охири моҳи сентябр бахшида ба Рӯзи Конфутсий ҷамъомади илмӣ-фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардонида мешавад. Имрӯз (28.09.2023) бо ин муносибат дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангию Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ -фароғатӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва намояндагони мактабҳои таълимии забони чинии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Чорабинӣ аз намоиши бозиҳои диққатҷалбкунанда, боздид аз Осорхонаи донишкадаи мазкур ва тамошои синфхонаҳое, ки дар онҳо раванди таълиму тарбияи забони чинӣ ҷараён дошт, иборат буд. Ҳамзамон, намоиши таомҳои лазиз, асбобҳои мусиқӣ, филмофарӣ, расомӣ, таҷрибаи тибби чинӣ, санъати дастӣ ва либоси чинӣ, ҳамзамон, ҷараёни дарсҳои таълимию фарҳангӣ қисмати дигари чорабинӣ буд.

Баъд аз тамошои намоишгоҳҳо ректори донишгоҳ ба рафти баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд дод.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи фарҳангии толибилмони донишкада ба намоиш гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи мазкур тули 15 соли фаъолият (аз соли 2008) ҳамчун як пули пайвасткунандаи забону фарҳанг миёни ду давлати бузург-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин хизмат мекунад. Гуфта мешавад, ки Рӯзи Донишкадаи Конфутсий шурӯъ аз 27-уми сентябри соли 2014 бо мақсади истиқбол гирифтани даҳсолагии таъсисёбии Дафтари Маркази Институти Конфутсий ташкил шудааст. Рӯзи Донишкадаи Конфутсий то ба имрӯз даҳ маротиба дар беш аз 1500 донишкада ва марказҳои Конфутсийи назди 159 давлати ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин чорабини дар сатҳи гуногун, аз ҷумла бо баргузории ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва намоиши дастовардҳои илмию таълимӣ ҷашн гирифта мешавад.