Устодону омӯзгорони азиз!
Ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон якшанбеи нахустини моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Дар кишвари азизи мо омӯзгор мақому манзалати воло дошта, нақши калидиро дар инкишофи илму таълим дар ҷомеа иҷро менамояд. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат табдил ёфта, дар ин самт ибтикороти нодир рӯйи кор омаданд. Тавре Пешвои миллат таъкид медоранд: «Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем».
Бояд гуфт, ки аз қадим бузургони илму адаб ба устод-омӯзгор эҳтироми хосса доштанд. Зеро хидмати омӯзгор дар рушди ҷомеа беназир аст. Маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккури шахсро бо тозагулҳои муаттари маърифат зинат медиҳад. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муарифӣ мекунад. Қобили қайд аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт тадбирҳои муҳим рӯйи кор омаданд. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Муаллим бояд шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушд ёфта ва соҳиби дониши амиқ, дорои маҳорату малакаи касбӣ тайёр намояд».
Омӯзгорони муҳтарам!
Мо ифтихор аз он менамоем, ки ҳайати устодону омӯзгорони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат пешраву пешсаф мебошанд. Нақши устодону омӯзгорони донишгоҳ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон назаррас аст. Хушбахтона, вафобахшандаи дунё ва сарвару саркори инсон муаллим-омӯзгор эътироф шудааст. Пас, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар як инсон аст.
Бо ниятҳои нек кулли омӯзгорон ва ҳампешагонро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар корҳои миндадаашон барору муваффақиятҳо хоҳонам.
Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!