ИШТИРОК ДАР МАШҒУЛИЯТҲОИ МАКТАБИ ТОБИСТОНА

139

Аз 22 то 30-юми сентябри соли равон аз ҷониби Донишгоҳи политехникии Турини ш. Ташкент, Ҷамъияти физикони Узбекистон бо дастгирии Маркази байналмилалии физикаи назариявӣ (Итолиё), Мактаби тобистонаи байналмилалӣ дар ш. Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “ Самтҳои нави илмии кванти муосир: аз маводҳои функсионалии нав то технологияҳои квантӣ” ташкил карда шудааст. Хушбахтона дар ин Мактаби байналмилалӣ докторанти PhD-ифакултети физикаи ДМТ, Матробиён Меҳроб Хуррамзод иштирок намуда соҳиби сертификат гардид. Бояд қайд намоем, ки дар Мактаби тобистона тамоми машғулиятҳо бо забони англисӣ аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонии кишварҳои мухталиф гузаронида шуд.