КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶАҲОНИ МУОСИР

203

Аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз ҷомеаи башариро фаро гирифтааст, коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ, экстремизм, терроризм ва сепаратизм мебошад.

Барои пешгирии ин падидаҳои номатлуб «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 тасдиқ шудааст.

Вобаста бар ин Стратегия дар ДМТ вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Носири Алишер Қаҳор, муовини ректор оид ба тарбия Имомзода Нилуфар, мудири шуъбаи ҳуқуқии ДМТ Муминзода Нозим Исмат иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки “ Вобаста ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ қайд намуданд, ки бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем. Албатта, муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.”

“Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад” – қайд намуд мудири шуъбаи ҳуқуқии ДМТ Муминзода Нозим Исмат.

Ашуралиева Шахзода