ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БА СУЛҲУ СУБОТИ ҶОМЕА

237

Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, устувории оила ва солимии ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо зумрае аз донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ташкили чунин вохӯриҳои судмандро роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ муҳим ва рӯзмара арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати ватандӯстона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон судманд арзёбӣ менамоянд. Дар робита ба ин мавзуъ мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Ҳ.Саидов ва меҳмонон Исозода Х., Бобозода А., Мустафозода Ш. ва Рӯзизода Г. суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ баргузории чунин чорабиниҳо миёни тамоми донишҷӯёни донишгоҳ идома доранд.