Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад.
Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Дар ҷаҳони муосир, коррупсия яке аз мушкилотҳои ҷиддӣ ва таъхирнопазир буда тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш даровардааст.
Ин нуктаи имрӯз зимни вохӯрии намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ бо зумрае аз устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нишасти мазкур дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ ҷиҳати татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» роҳандозӣ гардид, ки дар кори он Ҷамшед Ҷӯразода – муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳ Абдулло – муовини сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Розиқзода Алихон – намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шералӣ – намояндаи Агентии мазку рва Қаландаров Бурҳониддин – намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну мавросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ Муминзода Нозим Исмат оғоз шуд. Баъдан намояндагони сохторҳои болозикр атрофи мавзӯи нишаст суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд.
Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатӣ “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид.
Дар илова ба санадҳои номбурда, инчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.