ФАЪОЛИЯТИ САРПАРАСТОН БОЯД НАЗАРРАС БОШАД

241

ИМРӮЗ ДАР ДОИРАИ НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ БАХШИ ТАРБИЯИ ДМТ ВОХӮРИИ МУОВИНИ РЕКТОР ОИД БА ТАРБИЯ ИМОМЗОДА Н. БО САРПАРАСТОНИ ГУРӮҲҲОИ АКАДЕМИИ 11 ФАКУЛТЕТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои тарбиявии Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, масъалаҳои муҳимми ба фаъолияти сарпарастони гурӯҳи академӣ вобаста, аз ҷумла: иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ, саҳми фаъоли куратори гурӯҳи академӣ дар тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, мақсаднок баргузор кардани дарсҳои тарбиявӣ, иҷрои талаботи дастури вазифавии куратори гурӯҳи академӣ, корҳои инфиродӣ-фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён, саҳми фаъоли куратори гурӯҳи академӣ дар ташкил ва баргузории маҷлисҳои волидайн, фаъол гардонидани иҷрои навбатдорӣ дар сатҳи факултет ва хобгоҳҳо, ташкили дафтари қайди суҳбатҳо бо падару модарони донишҷӯён, ташкили гурӯҳҳои ташвиқотӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол ва забондон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан таъкид шуд, ки сарпарастон аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, номзад ва докторони илм ҷалб гардидаанд ва бояд бо мақсади расонидани ёрии амалӣ дар ҷодаи таълим ва тарбия фаъолияти назаррас нишон диҳанд.