Имрӯз (08.11.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Забони русӣ дар муколамаи байнифарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба кори худ шурӯъ кард. Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани Соли забони русӣ ҳамчун забони муоширати байниминтақавӣ дар ИДМ дар соли 2023 ташкил карда шудааст.
Ҳамоиш аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДМТ, РТСУ ва ФОНДИ «Русский мир» ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории конфронс ҷустуҷӯ, татбиқ ва таҳияи технологияҳои нави таълимӣ ва равишҳои инноватсионии таълими забони русӣ, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва иртибот бо дастовардҳои илмӣ, тавсеаи ҳудуди ҳамкориҳои омӯзгорони минтақаҳо ва кишварҳои гуногунмебошад.
Ҳамоишимазкурро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳӣ намуд. Зимнан таъкид дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои насли ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ як ангезаи хуб хоҳад буд. Забони русӣ қувваи тавоноимуттаҳидкунандаест, ки давлатҳо ва халқҳои мамлакатҳои Осиёи Миёнаро ба ҳам мепайвандад.
Қобили зикр аст, ки дар конфронс беш аз 100 намоянда аз донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Русия ва Белорус ширкат доранд.
Дар конфронс маърӯзаҳои олимони варзидаи Русия ва Беларус доир ба ҷустуҷӯ, татбиқ ва таҳияи технологияҳои нави таълимӣ ва равишҳои инноватсионии таълими забони русӣ дар назар аст. Ҳамзамон, дар бахшҳои ҳамоиш масъалаҳои эҷоди китобҳои дарсӣ ва усули таълимию методии забон ва адабиёти русро бо назардошти ҷузъи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.
Зимнан таъкид шуд, ки ин ҳамоиш як омили муҳим барои боз ҳам таҳким бахшидани дӯстӣ ва рушди равобити байналмилалии кишварҳои ҳамкор дар самти омӯзиши забони русӣ хоҳад шуд. Ёдрас мешавем, ки ҳамоиши байналмилалии мазкур то санаи 10-уми ноябри соли ҷорӣ идома хаҳад ёфт.
Ашуралиева Шахзода