ТОЛИБИЛМОНИ ФАЪОЛИ ДОНИШКАДА ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

138

Бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди ДМТ ҳамасола толибилмони фаъоли донишкада бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад.

Зимни баргузории чорабинии тантанавӣ зумрае аз муҳассислини донишкада ҳавасманд гардонида шуданд. Зимнан гуфта шуд, ки омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз он ҷумла забони чинӣ дар замони ҷаҳонишавӣ аҳамияти муҳим касб намудааст. Рўз то рўз сафи нафароне, ки ба омўзиши забони чинӣ машғул мегарданд, зиёд шуда истодааст. Таъкид шуд, ки омўзиши забон имконият бештареро баҳри насли наврасу ҷавон ба бор меоварад.

“Дар воқеъ шунавандагон ва толибилмон заҳмату талошҳои зиёд намуда, баҳри аз бар намудани фарҳангу забони чинӣ ва комёб гардидан ба натичаҳои назаррас дар Донишкада кўшишҳои ҳамагиро анҷом медињанд. Ҳамасола сафи гирандагони стипендияи Донишкада аз ҳисоби хонандагони лаёқатманд меафзояд. Мо кўшиш ба харҷ медиҳем, ки барои таҳсили толибилмон шароити муносиб муҳайё карда, онҳоро бо омўзгорони варзида таъмин намоем” – таъкид дошт Қосимов Ф. – директори донишкадаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон.