Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16.11.2023 дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба Пешвои маорифпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии осоишта ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ доир гардид. Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ, аз ҷумла роҳбарияти донишгоҳ, устодони унвондор, собиқадорон, донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳидоноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат”, бахши ҷавонону духтарон, устодони кафедраи ҳарбӣ, кормандони шуъбаи бехатарӣ, омӯзгорону муҳассилини самти тиббю фарматсевтӣ ва варзишгарон, инчунин, сохторҳои дипломатӣ иштирок доштанд. Роҳпаймоии ҷашнӣ бо ифодаи рамзҳо гуногун, аз ҷумла қисме рамзи озодӣ, об –ободӣ-рушноӣ, ифтихори мо – Пешвои мо, парчами бахт, Иҷлосияи тақдисоз, варзиг –гарави саломатӣ, ҳифзи ватан, наврасон оянда мост ташкил шуда буд.
Баъд аз роҳпаймоии осоишта дар саҳни бинои таълимии №11 чорабинии фарҳангии донишгоҳ гузаронида шуд.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳайати устодон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва дар симои онҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”гардидани донишҷӯқи донишгоҳ самимона табрик намуд. Гуфта шуд, ки роҳпаймоӣ худ нишонаи иттиҳоду иттифоқӣ, сарҷамъию хушбахтии мардумро ифода карда, гузаштан аз майдон башорати зиндагии шоиставу арзандаи мардуми саодатманди кишвар дониста мешавад.
Дар идома таъкид, шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ буда, мо дар зарфи 31 сол бо шарофати заҳмати софдилонаи мардуми тоҷик дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем. Сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин Иҷлосияи хотирмон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро маҳз ҳамин анҷуман роҳи хатари нобудшавии давлату миллатро гирифта, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва сохтори ҳокимияти давлатиро барқарор намуд. «Мо имрӯз бояд дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои миллат дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир бо донишу малакаи баланд сина сипар созем, илова бар ин, бо ибораи зерини Пешвои маҳбуби кишвар ба сӯйи оянда назар намоем: Тоҷикистон, ба пеш!».
Зимнан эълон дошт, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади омӯзиши таърих ва дар рӯҳияи асолати миллию ифтихори ватандорӣ тарбия намудани ҷавонон аз рӯйи асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Чеҳраҳои мондагор” дар донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар идома ғолибони Озмуни умумидонишгоҳии “Нақши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”- и Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тафаккури миллӣ”, ки бахшида ба 75 солагии ДМТ дар донишгоҳ роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд. Гуфта шуд, ки озмун аз рӯйи гурӯҳҳо гуногун, миёни хонандагони литсей, устодону кормандоон ва донишҷӯёну муҳаққиқон доир шуд. Миёни донишҷӯёну магистрантон Давлатова Шоира – донишҷӯйи курси 4-уми факултети таърих ғолиби Шоҳҷоизаи озмун ва Холов Мавлуддин – донишҷӯйи курси 3-юми факултети мазкур соҳиби ҷойи аввал, Сулаймонов Вайсиддин – донишҷӯйи курси 3-юми факултети фалсафа соҳиби ҷойи дуюм ва Кароматуллоева Мафтуна – донишҷӯйи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Миёни омӯзгорону унвонҷӯён Саидҷон Ҳалимзода – ассистенти факултети журналистика ҷойи аввал, Исматов Рустам – ассистенти факултети ҳуқуқшиносӣ ҷойи дуюм, Аловуддинов Аловуддин – дотсенти факултети физика ва Азимова Зебо – дотсенти факултети ҳуқуқшиносӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар охир барномаи фарҳангии Ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо иштироки сарояндагони шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаши тамомшобинон гардонида шуд.