Таҳти чунин унвон имрӯз (17.11.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони сохторҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи нақшаи амалигардии «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» дар солҳои 2023-2025» доир гардида, дар он Суман Раҳмон – сардори шуъбаи қонунгузории маориф илм фарҳанг ва иттилооти сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чинигул Саидова – мутахасиси шуъбаи ҳуқуқ кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Машрабзода Азимҷон – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатӣ ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамзамон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муминзода Нозим Исмат – мудири шуъбаи ҳуқуқи донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан таъкид гардид, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба баланд бардоштани мақоми занон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011 – 2020 ва солҳои 2021 – 2030), «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022, «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардидааст.
Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯрӣ фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба ҷиҳати иштироки фаъоли занону духтарон дар самти таъмини ҳуқуқу имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Донишгоҳ аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторанти Ph.D дар Донишгоҳ,омода намудани кадрҳои ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарони фаъол мебошад.
Ашуралиева Шахзода