АЗ ОСТОНАИ ДОНИШГОҲ ТО РАСОНАҲОИ ОН

335

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе аз баракати заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти он, махсусан талошҳои ҳамешагии Раиси шаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалӣ лаҳза ба лаҳза дигаргун мегардад. Садҳо иншооти нав, биноҳои баландошёна ва замонавӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, корхонаҳои тавлидотӣ ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ далеле аз ободиофариву ободкориҳост.

  Бо мақсади ошноӣ гардидан бо дигаргуниҳои куллии пойтахти азизамон ва дар расонаҳои маҳаллии худ таблиғ намудани ин пешравиҳои беназир бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корвони журналистон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-25 ноябри соли 2023 ташкил карда шудааст.

  Корвони журналистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Журналистонро дар саҳни шаҳраки донишҷӯён ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли раёсати донишгоҳ бо карнаю сурнай ва дастагулу  нону намак пешвоз гирифтанд. Журналистони минтақаҳои гуногуни кишвар, ки аксарияташон маҳз дастпарварони Донишгоҳи миллӣ мебошанд, пас аз чандин сол бори дигар ба ин махзани илму донишу таҷриба омаданашон шоду масрур буданд.

Ҳайъати корвони журналистон нахуст аз “Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” дидан намуда, бо ректори Донишгоҳи миллӣ суҳбат намуданд.

Аҳли гурӯҳ бо ҳамроҳии ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода аз дастовардҳои факултети журналистика ва синфхонаи профессор Асадулло Саъдуллоев, ки дар он асарҳои илмию публитсистии ин чеҳраи намоёни журналистикаи тоҷик ҷамъоварӣ гашта, ҳамчунин зиёда аз 1000 нусха китобҳои илмӣ дар бораи журналистика дар он ҷой дода шудаанд, боздид намуданд.

Зимнан корвони журналистон аз студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика дидан намуданд. Бояд гуфт ки имрӯз тамоми шароитҳо барои донишҷӯёни факултет муҳайё мебошанд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи таълимии телевизион кушода шуда, бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аллакай зиёда аз сад ролик сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст.

БОЗДИДИ КОРВОНИ ИТТИЛОТИИ ЖУРНАЛИСТОН АЗ

 ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Тавре, иттилоъ дода будем бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо дигаргуниҳои куллии пойтахти азизамон ва дар расонаҳои маҳаллии худ таблиғ намудани ин пешравиҳои беназир бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корвони журналистон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар доираи ташрифи худ корвони иттилотии журналистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд.

Ҳайати рӯзноманигоронро намояндагони раёсати донишгоҳ ва зумрае аз устодони факултетҳои донишгоҳ роҳнамоӣ намуданд.

Дар Осорхонаи Пешвои миллат экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд.

Масъулини донишгоҳ ҳайати журналистонро бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултети иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, инчунин, аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.

Қайд карда шуд, ки баъд аз ифтитоҳ ва боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат гӯшаи дигари махсус бахшида ба ҳаёту фаъолияти даврони донишҷӯии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шудааст, ки номбурда низ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. 

Корвони иттилотии журналистон тавассути экспонатҳои Осорхонаи Пешвои миллат аз ҳаёти давраи донишҷӯии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ огоҳии бештар пайдо намуда, ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити созгор изҳори сипос намуданд. Зеро, на ҳама вақт имкон мегардад, бо чунин нигораҳои нодир, ки дар шинохти таъриху фарҳанги миллатамон нақши барҷаста доранд, аз наздик ошноӣ пайдо кард. 

Мавриди зикри хос аст, ки Осорхонаи Пешвои миллат 22 январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. 

БОЗДИДИ КОРВОНИ ИТТИЛОТИИ ЖУРНАЛИСТОН АЗ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Баъд аз боздиди Осорхонаи Пешвои миллат корвони иттилотии журналистон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздид намуданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 21-уми декабри соли сипаришуда бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Сарвари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Бояд зикр намуд, ин ҳама чорабиниҳо бо иқдому дастгирии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе руйи кор омадааст.

Ҳадаф аз сафари корвони журналистон шиносоӣ бо дигаргуниҳои пойтахт, мавзеъҳои таърихиву ҷаззоби шаҳри Душанбе, иншоотҳо, коргоҳҳои саноатӣ, табодули таҷриба ва инъикоси он ҳама таассурот дар нашрияҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

КОРВОНИ ИТТИЛОТИИ ЖУРНАЛИСТОН АЗ БИНОИ НАВИ ДОНИШКАДАИ ТАЪЛИМИЮ ФАРҲАНГИИ КОНФУТСИЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БОЗДИД НАМУДАНД

Дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ Корвони иттилотии журналистон аз бинои навбунёди Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба тозагиӣ фаъолият дорад боздид намуданд.

Бояд гуфт, ки Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маблағгузории Донишгоҳи педагогии Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохта шудааст, санаи 09.06.2022 мавриди истифода қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки бинои навсохти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ду ошёна иборат буда, масоҳати зиёда аз 1800 метри мураббаъро дар бар мегирад, ки инфрасохтори хуб ва мукаммалро барои таълим фароҳам овардааст. Бино дорои синфхонаҳои таълимии замонавии бо доскаҳои электронӣ муҷҷаҳаз, толорҳои конфронсӣ, синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи мусиқӣ, толорҳои фарҳангӣ, китобхона, бойгонӣ, осорхона, аудиторияҳои бисёрфунксионалӣ, толори рақс ва варзиши намуди ушу, ошхона ва ғайра мебошад.

БОЗДИДИ КОРВОНИ ЖУРНАЛИСТОН АЗ ОЗМОИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Дар доираи ташрифи корвони журналистон ба шаҳраки донишҷӯён пас аз боздиди як чанд иншооти муҳимми донишгоҳ ҳамзамон, аз факултети биологияи донишгоҳ аз Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда дидан намуданд.

 Озмоишгоҳи “Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши механизмҳои мутобиқшавии системаҳои зинда” баҳри амалишавии ҳадафҳои бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040 сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ин озмоишгоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона буда, бо асбобҳои муосир таъмин гардида, баҳри иҷрои корҳои озмоишӣ, таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.

Озмоишгоҳ дорои гӯшаи маводи физиологӣ, намунаи хушкшудаи ҳашароти зинда, гӯшаи растаниҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи санҷиши таркиби маводи биохимиявӣ, дастгоҳи коркард ва санҷиши маводи табобатӣ, асбобҳо баҳри гузаронидани реаксияҳои ранга бо усули химиявӣ, микроскопии лазерӣ, дастгоҳ барои муаяйн кардани зичии маҳлулҳои муҳиташон маълум ва номаълум, тарозуи таҳлилӣ – AND – 120, Термостат барои нигоҳ доштани ҳарорати муътадил, Аквадистиллятори AЭ-14 барои ба даст овардани оби тозашуда тавассути дистилятсияи ҳароратии об, Электрошкафи барқӣ, дастгоҳи андозагирии колонияи микроорганизмҳо ва ғайра мебошад, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбута метавонанд аз онҳо истифода баранд.

Дар озмоишгоҳи мазкур навтарин таҷҳизотҳои илму техникии муосир харидорӣ шудааст, ки муҳаққиқон метавонанд таҳқиқотҳои илмии худро бо усулҳои гуногуни биологӣ бе мушкилӣ гузаронанд. Ҳамзамон, дар ин озмоишгоҳ донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, докторантони РhD ва докторантони анъанавӣ метавонанд корҳои илмӣ таҳқиқотии худро ба роҳ монанд.

БОЗДИДИ КОРВОНИ ЖУРНАЛИСТОН АЗ МАҶМААИ МУОСИРИ ВАРЗИШӢ

Зимнан Корвони иттилотии журналистон аз  Маҷмааи муосири варзишӣ ки ба тозагӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 31 август мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст боздид намуданд.

Маҷмааи варзишӣ, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Маҷма бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва омӯзиши намудҳои зиёди варзиш машғул шаванд.

СУҲБАТИ ХОТИРМОН

Дар охири корвони иттилоотии рӯзноманигорон дар толори калони Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий бо роҳбарияти донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар самти тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳаи илму маорифи кишвар табодули андеша намуданд.