Баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ

932

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо раиси Раёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) профессор Алӣ Темизел вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории Донишгоҳи миллӣ бо Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти баргузории ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва таъсиси маркази фарҳангии омӯзиши осори Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ табодули афкор намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо иброз доштанд, ки осори мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолиддин Румӣ яке аз бузургтарин сарватҳои умумифарҳангӣ ба шумор меравад.