ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ СИНЗЯН

293

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ бо толибилмони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Синзян таҳсил доранд, мулоқот намуд. Дар мулоқот ректори донишгоҳ ҷиҳати хуб таҳсил намудани ҷавонон ва бо интизоми намунавию хониши аъло хатм намудани донишгоҳи мазкур тавсияҳои судманд доданд. Зимнан гуфта шуд, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи хосаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамин аст, ташаббуси ҷавонон пайваста дастгирӣ меёбад.