Бо чунин унвон имрӯз (7.12.2023) бо ташаббуси кафедраи молия ва суғуртаи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 7-уми декабр таҷлил мегардад доир гардид.
Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Мавсуф меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва донишҷӯёнро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия таҳният гуфта, зикр намуд, ки «Дар раванди давлатсозии Тоҷикистон бо ташаббуси созандаи Пешвои миллат ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шудааст, ки имрӯз дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим дорад. Дар ин замина Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар рушду такомули низоми молиявию қарзии кишвар бо тайёр намудани кадрҳои мақомоти молия саҳми худро гузошта истодааст. Хусусан, на танҳо кадрҳои соҳавӣ, балки тайёр кардани кадрҳои илмӣ, пешниҳодҳо дар самти такмили низоми молия, қарз, андоз, суғурта назррас аст.
Зимнан декани факултет, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Академики АБН ФР Иброҳимзода И.Р доир ба омӯзиш ва муҳиммияти илми иқтисод сухан намуда, зикр намуд имрӯзҳо дар кишвар дар риштаи молия ва қарз қариб даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мутахассис тайёр менамоянд, лекин дар бозори рақобатноки меҳнатӣ танҳо мутахассисони баландихтисос ва огоҳ аз амалияи муосири талаботи бозори меҳнат мавқеъи худро метавонад дар ҷомеа пайдо намояд.
Дар кори нишаст – директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ д.и.и., профессор Раҳимзода Шариф дар мавзӯи “Асосҳои рушди маърифати молиявӣ”, директори КВД “Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадуллозода Абубакр оид ба “Рушди сиёсати фискалӣ дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон”, директори ширкати суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамениншуренс” Раҳмонов Бузургҷамил доир ба “Низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сардори шуъбаи қарзи дохилӣ ва дороиҳои молиявии Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Иброҳимов дар мавзӯи “Идоракунии қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузориҳо дар иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” инчунин, устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ, истифодаи босамари имкониятҳои молиявӣ, бахусус барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тадбирҳои муассир амалӣ карда шудааст, ки имрӯз дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд.
Дар охир чанде устодону донишҷӯён бо Ифтихорномаи Раёсати молия дар ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе ва сипосномаи ширкати суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии “Спитамениншуренс” сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон, барои такмил додани дониши донишҷӯён олимпиядаи фаннӣ аз фанни молия доир гардид, ки ғолибон бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ аз ҷониби садорати факултет қадрдонӣ гардиданд.